Имрӯз кормандони Дастгоҳи марказӣ ва воҳидҳои сохтории Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар маросими ифтитоҳи Конфронси сеюми байналмилалӣ оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028” тамошо карданд.
Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки ташаббусҳои глобалии Тоҷикистон, бахусус дар доираи “Раванди оби Душанбе” дар давоми ду даҳсола кишварҳои аъзои Созмони Милал ва ниҳодҳои он, сохторҳои байналмилаливу минтақавӣ ва молиявӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва дигар ҷонибҳои манфиатдорро ҷиҳати муҳокимаи мушкилоти глобалии об ва дарёфти роҳҳои ҳаллу фасли он муттаҳид месозанд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳор карданд, ки мо ҳама якҷо тавонистем, ки обро дар меҳвари гуфтушунидҳои глобалӣ оид ба рушд қарор дода, ҷомеаи ҷаҳониро атрофи ин мавзӯи бағоят муҳим муттаҳид созем.
Вале хотирнишон бояд кард, ки амалу иқдомҳои имрӯзаи мо барои расидан ба ҳадафҳои дар ин самт муайянгардида ҳоло ҳам кофӣ нестанд, зеро хавфу таҳдидҳои муосир нисбатан босуръат ва пуртаъсир гардидаанд.
Сарвари давлат дар идомаи суханронии худ зикр карданд, ки «истифодаи “Раванди оби Душанбе” ба ҳайси платформа барои пайгирии натиҷаҳои Конфронси оби Созмони Милал яке аз уҳдадориҳои мо дар доираи Рӯзномаи амал дар соҳаи об аст ва мо омодагии хешро барои тавсеаи минбаъдаи ин раванд изҳор менамоем».
Пешвои миллат дар бахши дигари суханронии худ таваҷҷуҳи ҳозиринро ба мушкилоти дигари ҷаҳонӣ, вазъи пиряхҳо ҷалб кардан два изҳор доштанд, ки дар баробари афзоиши бесобиқаи талабот ба об, ки ба зиёдшавии аҳолӣ ва рушди иқтисод вобаста мебошад, обшавии босуръати пиряхҳо ва коҳиши захираҳои онҳо боиси нигаронии амиқи ҷомеаи ҷаҳонӣ гардидааст.
Ин раванд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баръало мушоҳида мегардад.
Тайи чанд даҳсолаи охир аз 13 ҳазор пиряхи кишвари мо, ки манбаи асосии ташаккул ёфтани то 60 фоизи захираҳои оби Осиёи Марказиро ташкил медиҳад, як ҳазор адади он пурра об шудааст. Ҳол он ки Тоҷикистон кишвари саноатӣ набуда, ҳиссаи он дар ҳаҷми умумии партовҳои гулхонаӣ ночиз аст».