Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди Қурбон

Ҳамватанони азиз!

Фардо иди саиди Қурбон, ки моҳияти онро арзишҳои неки инсондӯстӣ, анҷоми корҳои хайру савоб, тарғиби адлу инсоф ва кумаку меҳрубонӣ нисбат ба ҳамдигар ташкил медиҳанд, фаро мерасад.

Мардуми шарифи Тоҷикистонро ба ин муносибат самимона табрик мегӯям ва ба ҳар хонадони кишвар оромиву осоиш ва рӯзгори босаодат орзу менамоям.

Дар раъду барқи Сангвор як чӯпон ҷони худро аз даст дод. КҲФ тавсия медиҳад, ки қоидаҳои бехатариро риоя кунед!

Ин ҳодисаи нохуш 13 июни соли 2024 дар ноҳияи Сангвор рух додааст. Шабона дар чарогоҳи тобистонаи воқеъ дар шаҳраки Қарашӯра, ҳаммарз бо ноҳияи Лахш (баландии 3500-3700 метр), ҳангоми боришоти шадид яке аз се чӯпон, сокини ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон ва ҳудуди 200 сар чорвои майдаро барқ ба ҳалокат расондааст.
Дар хабар гуфта мешавад, ки чӯпонҳо шабона дар ҷойи аз

КҲФ: То 17-июни соли равон хатари омадани селҳо вуҷуд дорад

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки рӯзҳои 15-17 июни соли 2024 дар баъзе ноҳияҳои вилояти Суғд, навоҳии тобеъи ҷумҳурӣ ва ноҳияҳои ғарбии ВМКБ эҳтимоли омадани селҳо вуҷуд дорад.

Дар ҳамин иртибот Кумита ба сокинон тавсия медиҳад, ки то ҳадди имкон аз сафарҳо ба минтақаҳои хатар, ҷамъоварии ҳезум ва доруворӣ худдорӣ кунанд.

Кумита ҳамчунин аз аҳолӣ хоҳиш мекунад ҳангоми ҳаракат аз тариқи роҳҳи кӯҳиву ағбаҳо эҳтиёткор бошанд.

Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ишғоли вазифаҳои мазкур эълон мекунад

 

р/т

Номгӯи шаҳру ноҳияҳо

Мансаб

Музди меҳнат

1

Раёсати Кумита дар  вилояти Хатлон

сармутахассис (оид ба барномасози ва таъминоти техникӣ) – и Маркази идоракунии ҳолатҳои буҳронии  Раёсат

 (1 воҳиди корӣ)

2390,00

2

Бахши Раёсати Кумита дар шаҳри Бохтар

Сармутахассис (оид ба чорабиниҳои ҲФ ва МГ)

 (1 воҳиди корӣ)

2279,00

Селу сангрезиши шабонарӯзи гузашта

11 июни соли 2024 соати 20:15 дақиқаи вақти маҳаллӣ бар асари боронҳои шадид аз теппаҳои атрофи деҳаи Сарвақти ҷамоати деҳоти Пунуки ноҳияи Ашт, ки дар байни марзи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҷойгир аст, сел омад. Дар натиҷа, 40 қитъаи наздиҳавлигӣ, 12 иншооти ёрирасон зери сангу регу лой ва об монда, 7 километр роҳи деҳотро баст.

Корҳо барои рафъи вазъи баамаломада идома доранд, комиссияи ҳолатҳои фавқулодаи ноҳия дар ҷои ҳодиса ба муайян кардани ҳаҷми хисорот машғул аст.

Страницы