Ин ҳодисаи нохуш 13 июни соли 2024 дар ноҳияи Сангвор рух додааст. Шабона дар чарогоҳи тобистонаи воқеъ дар шаҳраки Қарашӯра, ҳаммарз бо ноҳияи Лахш (баландии 3500-3700 метр), ҳангоми боришоти шадид яке аз се чӯпон, сокини ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон ва ҳудуди 200 сар чорвои майдаро барқ ба ҳалокат расондааст.
Дар хабар гуфта мешавад, ки чӯпонҳо шабона дар ҷойи аз қабл таъиншуда хайма заданд ва ба он батареяи хуршедиро васл кардаанд. Вале ҳатто ҳангоми тӯфони шадиду борони сахт онро аз хайма дур накарданд. Маҳз ҳамин батареяи офтобӣ сабаби расиши барқ шудааст. Ин се нафар ҷароҳатҳои гуногун бардоштанд, вале мутаассифона, яке аз онҳо ба муҷарради ҷароҳат дидан ҷони худро аз даст додааст.
Бо дарёфти хабар кормандони Шуъбаи КҲФ дар ноҳияи Лахш ба ҷойи ҳодиса шитофтанд. Онҳо аз кӯҳ ҷасади чӯпони баҳалокатрасидаро поин оварда, ба мақомоти жахлдор супурданд.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо арзи таслият ба хонаводаи ин марди ҷонбохта дар ҳодисаи ахир, як бори дигар хотиррасон мекунад, ки сокинон бояд дар ин гуна ҳолатҳо хеле эҳтиёткор бошанд.
Кумита хотиррасон мекунад, ки беҳтарин роҳи таъмини амният дар ҳоло раъдубарқ дар хона мондан аст. Вале агар шумо дар дашт бошед ё кӯҳу камар ва хатари раъду барқро эҳсос кардед ва савораед, аз хару аспатон поин шавед, дар паногоҳе худро паноҳ диҳед.
Дар ин гуна ҳолатҳо чораҳои бехатариро ҷиддан риоя намоед:
- дар дохили хона ҳама гуна асбобҳои барқиро хомӯш кунед;
- дар назди тирезаҳо ва дарҳои боз наистед, ба хатҳои қубурҳои обгузар даст нарасонед;
- бояд тирезаҳои хона ва дарҳоро бипӯшед, то ин барқи курашакл ба он наафтад.
АГАР ДАР КӮЧА ВА Ё ГУЛГАШТҲО БОШЕД:
- зери дарахтони қоматбаланд паноҳ набаред, беҳтараш аз онҳо ба масофаи бехатар дуртар равед (аз 30 то 40 метр). Эҳтимоли расидани раъду барқ дар як дарахти хос ба таври мустақим бо баландии он мутаносиб аст. Хатар боз он вақт бештар мешавад, ки дар наздикии он дарахте бошад, ки аллакай аз раъду барқ зарар дидааст;
- агар дар кӯча бошед, зуд дар мағозае ё сохтмони дигаре худро паноҳ диҳед, ин гуна биноҳо назар ба истгоҳҳо бештар барои ҳимоя боэътимодтаранд;
- дӯстдорони моҳидорӣ бояд дар ҳоли раъду барқ фавран даст аз кор боздоранд ва зуд аз соҳили рӯдхонаву канал дур шаванд;
- беҳтараш ҳангоми раъду барқ агар дар кӯча бошед, телефони ҳамроҳи худро хомӯш кунед.
Бояд хотиррасон кард, ки дар асл барқ метавонад то даҳ километр дуртар аз ҷое, ки борон меборад, шакл гирад. Бинобар ин, шумо набояд шитоб кунед ва фавран пас аз борон аз паноҳгоҳ берун шавед - то даме ки раъд шунида мешавад, хатари зарбаи он боқӣ мемонад.
Барои муайян кардани дурии барқ, шумо бояд вақтро байни дурахши рӯшноӣ ва гулдуроси минбаъдаи раъд ҳисоб кунед. Суръати паҳншавии садо дар ҳаво тақрибан баробар ба 344 м/с мебошад, яъне дар 3 сония садо такрибан 1 км масофаро тай мекунад. Агар вақти барқ то садои раъд тадриҷан кам шавад, он гоҳ маълум мешавад, ки барқ ба шумо наздик мешавад ва шумо бояд паногоҳ ҷӯед. Агар раъд фаврӣ садо зад, пас бидонед, ки шумо зери як абри раъду барқ ҳастед.
Агар дидед, ки одамеро барқ зад, натарсед ва ба ӯ наздик шавед, ёрии аввалияи тиббӣ расонед. Ҷисми инсон қодир нест, ки қувваи барқи расидаро дар худ нигоҳ дорад. Як маслиҳати гумроҳкунандае вуҷуд дорад, ки гӯё шахси барқзадаро бояд чанд дақиқа зери хок кард. Ин ақидаи иштибоҳист ва пояҳои илмӣ надорад.
АГАР ШУМО ИН КОРРО АНҶОМ ДИҲЕД, ВАЗЪИ БАРҚЗАДАРО БАДТАР ВА МАРГИ ӮРО МЕТЕЗОНЕД. ҲАРГИЗ БА ЧУНИН КОР ДАСТ НАЗАНЕД.