Комиссияи ҳолатҳои фавқулодда ҳаҷми зарари расида аз офатҳои табиӣ дар Нурободро муайян кард

21 майи соли 2024 гурӯҳи кории Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо Комиссияи ҳолатҳои фавқулодаи ноҳияи Нуробод муайян кард, ки аз офатҳои табиии рӯзҳои охир 77 оила зарар дидаанд. Аз ҷумла, 8 хоҷагӣ пурра, 4 хоҷагӣ қисман ва ба 23 иншооти ёрирасон низ осеб арсидааст.

Бо ёрии 1 адад техникаи муҳандисӣ дар тӯли 2 км роҳ аз соҳили дарёи Сурхоб то деҳаи Яхак ҳамвор карда шуд. Ҳамчунин бо иштироки 280 сокини деҳа хашар ташкил карда шуда, кӯчаҳо ва роҳҳо аз гилу лой тоза карда шуд.

Идома корҳои бартарафсозии паёмадҳои офати табиӣ дар Ваҳдат

Дар ҷамоатҳои деҳоти зарардидаи шаҳри Ваҳдат 21 майи соли 2024 корҳои пешгирӣ ва бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табиӣ идома ёфтанд.

Чунончӣ, дар ҳудуди деҳаи Ромити ҷамоати деҳоти Ромит бо ёрии техникаи муҳандисӣ корҳои тозакунӣ ва барқарорсозии 80 метр соҳили дарёи байнидеҳаӣ гузаронида шуданд. Дар ҳудуди деҳаи Наврӯзи ҷамоати деҳоти ба номи Н.Розиқ бо истифода аз 1 адад техникаи вазнини муҳандисӣ масофаи 25 метр корҳои соҳилбандӣ дар дарёи Симиганҷ гузаронида шуданд.

Ҷаласаи кории Комиссияи давлатии ҳолатҳои фавқулодда дар Нуробод

20 майи Соли 2024 Комиссияи давлатии ҳолатҳои фавқулодда таҳти роҳбарии муовини сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёзода С.Р. дар ҳайати Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар вазорату идораҳо ба деҳаҳои аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияи

Оё ҳавои номусоид метавонад раванди таърихро тағйир диҳад?

Иброҳими Раисӣ

Ҳалокати Райисиҷумҳури Эрон доктор Иброҳими Раисӣ бо ҷумла ҳамроҳонаш дар як сонеҳаи чархбол дар шабакаҳои иҷтимоӣ гӯмагӯиҳои зиёдеро ба миён овард. Ин чархбол бино ба иттилои расмии мунташиршуда бар асари обу ҳавои номусоид сарнагун шуд ва кулли сарнишинонаш кушта шуданд. Аммо ҳастанд касоне ҳам, ки ин рӯйдодро ба ким-кадом амали террористӣ иртибот медиҳанд. Дар ҳоле ки таърих ин гуна ҳаводисро зиёд

КҲФ: Хатари омадани сел, болоравии сатҳи оби рӯдхонаҳо, резиши сангу ярч то 22-май боқӣ мемонад

Гузориши мухтасар аз селҳои ду рӯзи охир ва ҷараёни бартараф кардани паёмадҳои офатҳои табиӣ дар шаҳру навоҳии кишвар.

Вилояти Хатлон. Ноҳияи Фархор

19 майи соли 2024 тахминан соати 07:30 дақиқа бар асари боронҳои шади рӯзҳои 18-19 май болоравии сатҳи оби рӯди

Страницы