20 майи Соли 2024 Комиссияи давлатии ҳолатҳои фавқулодда таҳти роҳбарии муовини сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёзода С.Р. дар ҳайати Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар вазорату идораҳо ба деҳаҳои аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияи Нуробод рафтанд.
Комиссия кори худро дар деҳаи Яхаки ҷамоати деҳоти ба номи И.Ҳалимови ноҳияи Нуробод оғоз кард, ки дар натиҷаи омадани селҳои зиёд зарар дида буд. Пас аз шиносоӣ бо оқибатҳои офати табиӣ вохӯрӣ бо аҳолӣ баргузор гардид.
Дар рафти вохӯрӣ Зиёзода С. Р.ба роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор супориш дод, ки оқибатҳои офати табииро бартараф намуда, хусусан ба саривақт кӯчонидани аҳолӣ ба ҷойҳои бехатар ва ҷудо кардани қитъаҳои замин барои идомаи зисту зиндагии сокинони манотиқи осебпазир таваҷҷуҳ кунанд. Инчунин масъалаҳои оғози сохтмони хонаҳои нави истиқоматӣ барои оилаҳои зарардида ва расонидани кӯмаки моддӣ баррасӣ шуданд.
Дар айни замон дар ҳудуди деҳаи Яхак корҳои тағйири ҷараёни дарё ва дигар чорабиниҳои бартараф кардани оқибатҳои офати табиӣ идома доранд.
Ҳамчунин, наҷотдиҳандагони КҲФ дар минтақаи Рашт ба корҳои ҷустуҷӯи як сокини деҳаи Яхак, ки аз рӯзи сели азим бедарак аст, идома медиҳанд.
Корҳо оид ба таъмини оилаҳои зарардида бо ғизои зарурӣ, додани манзили муваққатӣ идома доранд.
Бо истифода аз техникаи муҳандисии вазнин корҳои роҳсозӣ дар минтақаи Сари Ҷар-Сангвор ва 140 километрии роҳи Ваҳдат-Рашт-Лахш идома дорад.