Баргузории ҷаласаи васеъи гурӯҳи коршиносони Платформаи миллӣ

31 майи соли 2024 дар маҷлисгоҳи меҳмонхонаи Румӣ ҷаласаи комиссияи амалкунандаи Платформаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба коҳиҳи хатари офатҳои табиӣ дар ҳайати васеъ баргузор шуд.

Ин ҷаласа таҳти роҳбарии Сардори Сарраёсати Кумита, котиби масъули Платформаи миллӣ генерал-майор Ҷамшед Камолзода гузашт.

Ҳушдори КҲФ аз ҳавои номусоиди рӯзҳои оянда

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон истинодан ба Агентии ҳавошиносии кишвар ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони мамлакат мерасонад, ки шабонарӯзи наздик бар асари боронҳои пуршиддат дар навоҳии кӯҳиву наздикӯҳии тобеъи ҷумҳурӣ ва вилояти Суғд омадани селҳо пешбинӣ мешавад.

Омӯзишҳои серӯза дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Муддати се рӯз барои иҷрои Нақшаи асосии чорабиниҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  барои соли 2024 дар ҳолати рух додани ҳолатҳои фавқулодда машқҳои мудофиаи гражданӣ баргузор гардид.

Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров омӯзиши маҷмуъӣ дар мавзӯи «Амали ҳайати роҳбарикунанда, комиссияҳо, қувваҳо ва воситаҳои мудофиаи гражданӣ бо ҷалби зерсистемаҳои ҳудудии Системаи ягонаи давлатии пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда» дар се марҳила ташкил ва гузаронида шуд.

Кумитаи кор бо ҷавонон КҲФ-ро барои татбиқи сиёсти давлатии ҷавонон қадрдонӣ кард

30 майи соли 2024 дар доираи таҷлили чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи ҷавонон дар Муассисаи давлатии амфитеатри «Аҳорун» барномаи тантанавии фарҳангию фароғатии «Зинда бод ҷавонӣ ва ҷавонон» баргузор гардид, ки дар он намояндагони вазорату идораҳо, ташкилотҳо, муассисаҳо ва дигар соҳаҳо иштирок доштанд. Дар ин чорабинй кариб 1500 нафар ҷавонон ширкат карданд.

Ҳалокати ду кӯдак дар обҳои кишвар. Сабаб: беназоратии волидон

30 майи соли 2024соати 10:00 як сокини 4-солаи деҳаи Анҷири ҷамоати Навободи шаҳри Турсунзода аз беназоратии падару модар дар рӯди Гулхас ғарқ шуд.

Дар натиҷаи роҳандозии корҳои ҷустуҷӯву наҷот ҷасади ин кӯдак 1 километр поинтар аз ҷойи ҳодиса, дар қаламрави деҳаи Каронӣ пайдо ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурда шуд.
Бино ба гузориши Раёсати Кумитаи ҳолатҳои...

Страницы