30 майи соли 2024 дар доираи таҷлили чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи ҷавонон дар Муассисаи давлатии амфитеатри «Аҳорун» барномаи тантанавии фарҳангию фароғатии «Зинда бод ҷавонӣ ва ҷавонон» баргузор гардид, ки дар он намояндагони вазорату идораҳо, ташкилотҳо, муассисаҳо ва дигар соҳаҳо иштирок доштанд. Дар ин чорабинй кариб 1500 нафар ҷавонон ширкат карданд.
Дар чорабинии мазкур, ки бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе якҷо бо Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, инчунин 10 нафар кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳузур пайдо карданд.
Дар намоишгоҳи ташкилшуда воситаҳои махсуси техникӣ, ки наҷотдиҳандагон ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои фавқулодаи наҷотбахш истифода мебаранд, ба намоиш гузошта шуданд.
Барои дастгирӣ ва саҳмгузорӣ дар татбиқи сиёсати ҷавонони кишвар аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мукофотонида шуд.
Дар рафти чорабинӣ ба иштирокчиён барномаи мусиқии фарҳангӣ пешкаш гардид.