Қоидаҳои бехатарӣ

Ҳушдори Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз сардии ҳаво ва бориши барф дар чанд рӯзи оянда

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо такя ба маълумоти Агентии ҳавошиносии кишвар хабар медиҳад, ки аз 7 то 12-уми январи соли равон дар қаламрави Тоҷикистон ҳаво сарду сербориш мешавад. Бино ба иттилои манбаъ дар ин рӯзҳо бахусус шабона ҳаво дар қиёс ба рӯзҳои дигар сардтар хоҳад шуд.

Дар водиҳо барфи тар меборад, дар кӯҳҳо ва баландкӯҳҳо аз шиддати бориши барф ба ҳаракати...

Соли нави бехатар: Кадом қоидаҳои бехатариро бояд дар шабҳо ва рӯзҳои таҷлили Соли нав бояд риоя кард?

Соли Нав ҷашни деринтизор ва сурурангез аст. Омадани Соли навро мо як соли дароз интизорӣ мекашем, чун бо қудуми он ба хонадони мо шодиву сурур ворид мешавад, хушҳолӣ мекунем, соли куҳанро мегуселонем ва қудуми Соли навро хуҷаста медонем. Аммо ин суруру ин хушиҳои мо бояд ҳамешагӣ бошанд. Бояд коре кунем, ки аз таҷлили Соли нав ранҷе ба мо нарасад, ёди шабҳову рӯзҳои таҷлил хотирмону ҳамешагӣ бошад.

Ҳамлаи гургон ба инсон. Чанд маслиҳат аз КҲФ

gurgon

Ҳамчуноне хабар додем, 11 декабри соли 2022 тахминан соати 15:16 галаи гургон ба сари як рама дар қаламрави деҳаи Сежди наздикии Девлохи ноҳияи Роштқалъаи ВМКБ ҳамла карданд. Дар натиҷа 28 сар чорвои хурдро дариданд. Ҳамлаи гургон - ин дарандаҳои ваҳшӣ ба чорвои хонагӣ ва инсон аз қадим аз ҷумлаи ҳодисаҳое будааст, ки аҳён-аҳён рух медиҳад. Бахусус агар гургон дар минтақае сайд пайдо накунанд, ба одамон ва

КҲФ: Ҳавои сарди ду рӯзи оянда. Хатари лағзиши тарма дар роҳи Душанбе – Хуҷанд

Котенок

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо такя ба маълуоти Агентии ҳавошиносии кишвар хабар медиҳад, ки рӯзҳои 5 – 7-уми декабри соли равон аз километри 47 то 79 роҳи мошингарди Душанбе-Хуҷанд аз сабаби боришоти шадид хатари лағзиши тарма вуҷуд дорад.

Дар ҳамин иртибот Кумита аз шаҳрвандони ва меҳмонони

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз барфу борон ва сардиҳои рӯзҳои оянда ҳушдор медиҳад!

барфу борон

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки бино ба маълумоти Агентии ҳавосанҷии Тоҷикистон то 9-уми декабри соли 2022 дар қаламрави мамлакат ҳавои сарду боронӣ пешбинӣ шудааст. Дар водиҳо борон ба барфи тар табдил мешавад, дар навоҳии кӯҳӣ ва наздикӯҳӣ барфи шадид  меборад.

Страницы