Соли нави бехатар: Кадом қоидаҳои бехатариро бояд дар шабҳо ва рӯзҳои таҷлили Соли нав бояд риоя кард?

Соли Нав ҷашни деринтизор ва сурурангез аст. Омадани Соли навро мо як соли дароз интизорӣ мекашем, чун бо қудуми он ба хонадони мо шодиву сурур ворид мешавад, хушҳолӣ мекунем, соли куҳанро мегуселонем ва қудуми Соли навро хуҷаста медонем. Аммо ин суруру ин хушиҳои мо бояд ҳамешагӣ бошанд. Бояд коре кунем, ки аз таҷлили Соли нав ранҷе ба мо нарасад, ёди шабҳову рӯзҳои таҷлил хотирмону ҳамешагӣ бошад.

Дар ин рӯзҳо беш аз ҳар вақти дигар мо ба риояи қоидаҳои бехатарӣ таваҷҷӯҳ дошта бошем, бахусус риояи қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор ҳастмист. Чун Соли нав ҷашни зимистон аст, хонаҳои сарди мо аз алову аз нури барқу гармии дасгоҳҳои барқӣ гарм аст ва мо ба ин гармиҳо чун паногоҳ аз сардиҳои зимистон ниёз дорем.

Ин аст, ки Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баъзе тавсияҳоро ба мардуми шарифи кишвар мерасонад, то таҷлили Соли нав барояшон хотирмону хуш бошад!

Инак:  

Бояд арчаи солинавиро дуртар аз мавзеъе дуруст кард, ки батареяҳои гармидиҳанда насб шудаанд. Дар ҷойе бояд гузошта шавад, ки ба равуои бошандагони хона халал нарасонад. Нӯги арча набояд дар сақфи хона такя зада бошад. 

Набояд арчаро бо бозичаҳои зудоташгиранда оро дод, набояд шамъҳои фурӯзонро дар он насб кард.

Зимнан, арчаи сунъии оташгирифта аз худ моддаҳои зараровар хориҷ мекунад, ки ба саломатии инсонҳо таъсир дорад. Қатарае аз пластикаи оташгирифта агар ба пӯст чакад, захми он фурӯ меравад ва муддати тӯлонӣ лозим аст, ки шифо ёбанд. 

Шаддаҳову занҷираҳои барқӣ бехатаранд, аммо бояд онҳо ҳатман аз назорат гузашта бошанд ва ҳангоми нигоҳдошт дар анборҳои мағозаву дуконҳо вайрону хароб нашуда бошанд. Бисёр мавридҳо сӯхторҳои солинавӣ бар асари расишҳои кутоҳи барқӣ рух медиҳанд. Агар шумо бӯйи сӯзиши ноқилро ҳисс кунед, пас ба зудӣ аз истифодаи ин гуна шаддаҳои барқӣ худдорӣ намоед. 

- Шаддаву занҷираҳои барқии истеҳсолкунандагони ношиносу ноошноро нахаред, ҳамзамон аз истифода шаддаҳои дастисохт худдорӣ кунед.

- Дастури истифода он бояд бо забони фаҳмо навишта шуда бошад, то шумо хондаву истифодаи дурусти онро бидонед ва иштибоҳ накунед.

- ҳангоми интихоби шаддаҳо талош кунед, ки пурқувваттарини онҳоро харидорӣ кунед. Ҳар қадар нерӯи чароғакҳо камтар бошанд, хатари оташ гирифтани он бештар аст.

- бештар аз се шаддаи барқиро дар як арча истифода накунед.

- агар қарор аст шумо аз хона берун шавед ва ё қасди хобидан доред, пас ин шаддаҳои барқиро фурӯзон нагузоред, ҳатман пеш аз хориҷ шудан аз хона ва ё хобидан онҳоро хомӯш созед. 

Пеш аз Соли Нав ҳамаи рафҳои дукону мағозаҳо аз бозичаҳои тарфгарӣ пур мешаванд. Мутаассифона, дар аксар маврид сифати онҳо ҷавобгӯи талабот нест. Аз ин рӯ, бояд донист: истифодаи маводҳои тарфгарӣ ва бозичаҳои аз онҳо сохташуда на танҳо омили сӯхтор мешаванд, балки сабабгори осеб дидани одамон мегарданд. Сӯхтаҳо аз ин гуна бозичаҳо ба ҳадде амиқу сахтанд, ки лозим меояд барои бартараф кардани онҳо амали ҷарроҳӣ кунанд. Ҳолатҳое пеш меоянд, ки бачаҳо бар асари нодуруст истифода кардани ин гуна бозичаҳо ангуштони худро ҳам аз даст медиҳанд. Ҳатто баъзан мушакҳои оташбозии бачагона дар кисаи онҳо ҳам метарканд. 

Барои пешгирӣ аз ҳолатҳои нохӯш бояд ҳатман қоидаҳои истифода аз маснуъоти тарфгариро риоя кард. Набояд шумо онҳоро аз бозори фурӯши молҳои яклӯхт, гузаргоҳҳои зеризаминӣ ва ё қаторҳо  харидорӣ кунед. Набояд маснуъоти тарфгарии харошхӯрда ва осебдидаро харед.

ДАР ЁД ДОШТА БОШЕД:

-истифодаи маснуоти тарфгарӣ хатарҳои зиёд доранд, аз ин рӯ Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда истифода аз онҳоро нораво медонад!