Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон бо пахши як гузориш дар сомонаи худ ба истифодабарандагони маводҳои тарфгарӣ ҳушдор дод, ки ин гуна кирдорҳо ҷавобгариҳои маъмурӣ ва ҷиноятӣ доранд. Дар ин гузориш омадааст, ки бо назардошти хавфнокӣ ва оқибатҳои нохуш, чун оташангезӣ ва ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштан дар Тоҷикистон муомилоти маводи тарфгарӣ манъ карда шуда, ҳамагуна кирдори алоқаманд ба он амали ғайриқонунӣ буда, ҷавобгарии маъмурӣ ҳам ҷиноятӣ дар пай дорад. Аммо ҳамасола дар арафаи иди Соли нав чунин кирдорҳои зидиҳуқуқӣ бо баҳонаи дилхушӣ авҷ гирифта, асосан ҷавонону наврасон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Муаллифони гузориш иттилоъ додаанд, ки давоми даҳаи аввали моҳи декабр кормандони мақомоти корҳои дохилии вилояти Суғд 6 ҳолати муомилоти ғайриқонунӣ бо маводи тарфгариро ба қайд гирифта, маҷмуан 54 ҳазору 741 адад маводи тарфгарии садодиҳандаро, ки маъмулан «хлапушка» мегӯянд, мусодира намуданд.
Масалан дар ҳудуди шаҳри Бӯстон рӯзи 4-уми декабр навраси 16 сола, хонандаи мактаб ҳангоми ба фурӯш баровардани 24 000 адад маводи тарфгарӣ бо номгӯи «Трения» боздошт гардид.
Ба ҳамин монанд санаи 7-уми декабр кормандони милитсия дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Унҷии ноҳияи Б.Ғафуров шаҳрванд Мулобоев Дилшод Муҳаммадҷонович, соли таваллудаш 2001-ро барои ғайриқонунӣ нигоҳдории маҳсулоти пиротехникӣ боздошт намуда, 24 000 дона «хлапушка» мусодира намуданд.
Дар хабари дигари ин вазорат гуфта мешуд, ки дар натиҷаи чунин як чорабинии фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 26-солаи сокини шаҳри Душанбе бо гумони муомилоти ғайриқонунии маводи тарфгарӣ дастгир карда шуд. Ҳангоми кофтукови шахсӣ аз ӯ 14 ҳазору 572 дона маводи тарфгарии пиротехникӣ дарёфт ва мусодира карда шуд.
Аз рӯи далелҳои ошкоргардида дар асоси талаботи моддаи дахлдори Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.
Ҳар сол дар остонаи Соли нав Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ба сокинон ёдрас мекунад, ки истифода аз ин гуна маводҳо оқибатҳои нохуш дар пай доранд ва метавонанд ба ҳаёти инсонҳо хатар дошта бошанд.
ВА БОЗ ДАР ИН БОРА: