Қоидаҳои бехатарӣ

Ҳушдори КҲФ аз боронҳои шадид ва болоравии сатҳи оби рӯдхонаҳо

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукум ати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба огоҳии шаҳрвандон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки бино ба маълумоти Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон рӯзҳои 3-7 апрели соли равон бар асари боронҳо дар ноҳияҳои кӯҳиву наздикӯҳии навоҳии тобеъи ҷумҳурӣ, вилоятҳои Хатлону Суғд ва ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон омадани селҳо аз эҳтимол дур нест.

Ҳушдори Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда: Хатари тарма то 19-уми феврал боқӣ мемонад! ЭҲТИЁТ КУНЕД!

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки бино ба гузориши Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон  аз 17 то 19-уми феврали соли 2023 бар асари ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид шудани анбӯҳи ҳавои намнок аз самти уқёнуси Атлантик ва баҳрҳои Миёназамин, Сиёҳ ва Хазар дар қаламрави мамлакат...

Чӣ бояд кард, то аз заҳролудӣ аз гази карбон пешгирӣ намуд?

Зимистони сарди имсола боиси он шуд, ки мардум ба шиддат дар ҷустуҷӯи манбаъҳои гармӣ шаванд. Сардии имсола тайи бештар аз даҳ соли гузашта собиқа надошт. Бахусус барфи бориза аз оғози даҳаи дуюми моҳи январ зиндагиро барои сокинон мушкил кард.

Маъмулан сокинони кишвар баъди қувваи барои гарм кардани хонаҳои худ бештар ба ҳезум ва ангишт рӯ меоранд.

Чанд тавсия ба боғкорон дар фасли сард

Боғҳо ва ангурзоронро бо анҷом додани корҳои зерини агротехникӣ метавон аз сармову яхбандӣ наҷот дод:

  • каналу ҷӯйҳои обёриро миёни ҷӯяҳои боғу токзорон бояд боз кард ва об дод. Ҳарорати об баландтар аз ҳарорати ҳавост, аз ин рӯ буғи об имкон намедиҳад ҳарорати хок ва дарахтон поин равад;

Чӣ гуна бояд чорворо аз сардиҳои шадид ҳифз кард? Чанд тавсия барои чорвопарварон

Зимстони имсола хеле сард омад. Барфҳои шадид, шамоли сахт, яхбандиҳо моро бештар аз ҳар вақти дигар дилгир карданд. Набояд фаромӯш кард, ки сармо ба одамон ва ҳайвонот таъсири якхела дорад. Он ки як ҳайвон нисбат ба дигаре тобовартар дар сардиҳост, кашфиёти нав нест. Вале ғамхории инсон ба ҳайвонот ва бахусус чорвои хонагӣ як амри маъмул аст ва бояд ҳамеша бошад.

Страницы