Зимстони имсола хеле сард омад. Барфҳои шадид, шамоли сахт, яхбандиҳо моро бештар аз ҳар вақти дигар дилгир карданд. Набояд фаромӯш кард, ки сармо ба одамон ва ҳайвонот таъсири якхела дорад. Он ки як ҳайвон нисбат ба дигаре тобовартар дар сардиҳост, кашфиёти нав нест. Вале ғамхории инсон ба ҳайвонот ва бахусус чорвои хонагӣ як амри маъмул аст ва бояд ҳамеша бошад. Инсон новобаста ба обу ҳаво ҳамеша муроқиби ҳоли чорвои хонагист. Онҳоро аз барфу борон, боду барқу раъд, селу тарма ва дигар офатҳои табиӣ ҳифз мекунад ва инро вазифаи худ ҳам медонад.
Аммо бо вуҷуди ҳамаи ин нигоҳубини чорвои хонагӣ дар фасли зимистон вижагиҳои худро дорад. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истинод ба манбаъҳои илмӣ ва маслиҳату машварати ҷонваршиносон баъзе тавсияҳоро ба чорводорон, сарварони хоҷагиҳои чорвопарварӣ ва соҳибони молҳои хонагӣ ироа медорад, ки гумон мекунем аз манфиат холӣ нест.
АГАР ҲАВО САРД АСТ, ПАС ҒИЗО ОМИЛИ НАҶОТ АСТ
Ҳайвонот дар фасли сард бояд қабл аз ҳама бо ғизои фаровон таъмин бошанд. Ғами зимистони онҳоро шумо, соҳибони чорво, бояд аз тирамоҳ хӯред ва бо ҷамъоварии алафу хошок ва ғизоҳои дигари пурқувват зимистони серу пурри онҳоро таъмин намоед. Ба ин бовар бошед, ки ҳайвонот, бахусус он ҳисса аз чорвое, ки барои шумо чун маводди ғизоӣ хидмат мекунанд (амсоли бузу гӯсфанду гову мурғ...), ба ғизои серкаллорӣ ниёз доранд.
Дар фасли сард шуморо лозим меояд, ки вояи ғизо, аз ҷумла хасбеда, кунҷола ва дигар навъу намудҳоро афзоиш диҳед, то ҳайвонот тавонанд ҳарарати лозим ва муқвиматкунанда ба сардиро дар организми худ пайдо кунанд. Ҳатто сардии хеле кам дар пасманзараи намии зиёди ҳаво метавонад сабабгори талаботи чорво ба энергияро афзоиш диҳад. Пас шумо ҳам инро бидонед, ва онҳоро дуруст ғизо диҳед!
Дар хотир дошта бошед, ки чорвои обистан дар фасли сард ба ғизои сервитамину фаровон бештар ниёз доранд. Агар дар сармо ин чорво вояи маъмуливу ҳамешагии ғизоро аз шумо дарёфт накард, пас бидонед, ки ин метавонад сабаби таъхир дар таваллуд, коҳиши миқдор ва сифати шир, маҳсулнокӣ ва барраву гӯсолаи заъиф ва ҳатто мурда шавад.
БАЛАНД ШУДАНИ МУБОДИЛАИ МОДДАҲО ТАЛАБОТ БА ОБРО МЕАФЗОЯД
Маъмулан дар сардиҳо барои ҳайвонот мубодилаи модаҳо баланд мешавад: маҳз аз тариқи ҳамин механизм онҳо аз ғизои истеъмолкардаи худ гармӣ ва энергияи барои баданашон лозимро ҳосил мекунанд.
Аммо баландии метаболизм ё мубодилаи моддаҳо дар шароите, ки об намерасад ва ё кам аст, номумкин мебошад. Аз ин рӯ, вақте ҳаво сард аст, ҳайвонот бештар об менӯшанд, ниёзашон ба он зиёдтар аст. Шумо фикр накунед, ки ҳайвон метавонад бо лесидани ях ва хӯрдани барф эҳтиёҷаш ба обро таъмин кунад. На, чунин нест. Ҳатман ба онҳо об диҳед! Ҳамеша ба ин бовар бошед, ки барои чорвои хонагии худ шумо ба миқдори кофӣ оби захира доред.
Ҳамеша бояд шумо восилаҳои эҳтиётии таъмини оби бебарфу яхнобаста дар фасли зимистон ва сармои шадид барои чорвои худро дошта бошед.
ИЛТИҲОБ ҲАМЕША ДАР ҲАВОИ САРД БА ЧОРВО ТАҲДИД МЕКУНАД
Агар шумо имкон доред, пас чорворо дар айёми обу ҳавои ғайримуқаррарӣ – тӯфонҳо ва бӯронҳо ба макони гармтар нигоҳ доред. Фарши оғили чорворо то ҳадди имкон хушку гарм нигоҳ доред, то аз афзоиши буғҳои амиак пешгирӣ намоед. Бидонед, ки ин гуна буғҳо на танҳо пӯсти чорворо озурда мекунанд, балки сабаби баста шудан ва ё иллатнок гаштани роҳи нафаскашии онҳо мешаванд ва ба илтиҳоб осебпазир мешаванд. Ва фарқе надорад, ки ин илтиҳоб вирусист ва ё бактериявӣ.
ЧОРВОРО НА ТАНҲО АЗ САРДИҲО, БАЛКИ АЗ БОДҲОИ ШАДИД ҲАМ ҲИМОЯ КУНЕД
Ҳайвонотро дар ҳавои кушод аз шамоли сарду сахт дарахтон, мавзеъҳои шамолпаноҳ ва дигар девораҳо ва монеъаҳои табиӣ, биноҳо, айвонҳо ҳимоя мекунанд. Ин бояд ҷой ба ҳадди кофӣ зиёду васеъ бошад, ки онҳо тавонанд бихобанд, то ҳайвоноти дигар онҳоро зери по накунанд. Дарахтони аз ҳама муфид ва хидматкунанда чун шамолпаноҳ барои ҳайвонот бештар дарахтони ҳамешасабзанд, аз ҷумла коҷ, санавбарҳо, арча, сарв ва ғайра. Бадтарин дарахтон дарахтони баргрезанд. Охири тирамоҳ онҳо худро аз барг комилан холӣ мекунанд ва дигар наметавонанд вазифаи шамолпаноҳро иҷро кунанд.
Нагузоред, ки чорвои шумо дар ин сардии зимистон дар оғилҳои намноку ифлос бошанд. Ин муҷиби сирояти онҳо ба оқсил ва дигар бемориҳои сироятӣ мешавад. Онҳоро эҳтиёт кунед, аз осеб дидан бар асари лағзиши пояшон дар гилу ях пешгирӣ намоед.
Дар мавриди минтақаҳои мушкилзо батаваҷҷуҳ бошед ва аз қабл бояд фикр кунед, ки бо ин гуна ҳолатҳои чӣ гуна метавон мубориза бурд: шумо метавонед дар ин ҳолатҳо аз регу сангрезаҳо, тахтасангҳо ва қум истифода баред.
Аз қабл дар бораи он андеша намоед, ки бод барфро ба кадом самт мерӯбад ва дар навбати аввал барфтӯдаро аз назди дарвоза бартараф кунед, то барф ва ё дар сурати об шудан оби он ба таҳхона нашорад. Даромадгоҳу баромадгоҳҳоро аз барфи ҷамъшуда тоза намоед.
ПОЙҲО, ГӮШҲО ВА ДУМИ ҲАЙВОНОТРО БОЯД ЭҲТИЁТ КАРД
Дар ёд дошта бошед, ки ҳангоми сармои шадид ҳайвоноти хонагии шуд метавонанд мушкил дар гӯшҳо ва думашон дошта бошанд. Ҳавои сард метавонад ҳайвоноти наринаро бенасл кунад ва ин боис мешавад, ки шумо аз наслгирӣ маҳрум гардед.
ҲАЙВОНИ САРМОХӮРДАРО БОЯД ГАРМ КАРД
Ҳангоми сардиҳо ва об шудани барфҳо, ҳангоми боронҳои сарду яхӣ бояд ҳайвонотро бештар нигоҳубин кард ва дар ҳақашон ғамхорӣ зоҳир намуд. Он чорвоеро, ки аз сардӣ меларзад, бояд ба макони гарм бурд, то гарм шавад. Вале эҳтиёт кунед: афтиши ғайримунтазираи ҳарорат метавонад хатари гирифторӣ ба ҳар гуна беморӣ, бахусус илтиҳобро афзоиш диҳад!
Метавон ҳатто дар ин гуна мавридҳо ҳайвони сармохӯрдаро бо ҳар гуна матоъҳо пӯшид, онҳоро гарм нигоҳ дошт.
ҒАМХЛОРӢ БАРОИ ХУРДСОЛОН ҲАМЕШАГӢ БОЯД БОШАД
Пеш аз ҳама ба ҳайвоноти ҷавон ғамхорӣ кунед, онҳо бештар аз бузургсолонашон осебпазиранд. Ҳайвоноти хурди хонагӣ, аз қабили харгӯшон ва парандагони аҳлӣ, гӯсолаву бузғолаҳо ва барачаҳои навзод ба ғамхории ҳамешагӣ дар сармо ниёзи бештар доранд, чун мубодилаи моддаҳо дар организми онҳо ба ҳадди кофӣ нест, ҳоло руд наёфтааст. Вазъи онҳоро бештар назорат кунед. Дар ёд дошта бошед: ҳайвоноти хурду резаву ҷавон аз сабаби хурдии вазну ҷисмашон бештар хунук мехӯранд ва ба сардиҳо аслан тобовар нестанд. Аз сӯи дигар онҳоро барф ба зудӣ метавонад пӯшонад ва нобуд созад.
ҲАЙВОНҲОИ ТАНСИҲАТ ОСЕБПАЗИР НЕСТАНД
Шумо бовар дошта бошед, ки ҳавоноти зидди касалиҳои сирояти ваксиншуда ва саломат ҳолати хуби ҷисмонӣ доранд. Бахусус чорвои калон ба зимистон ва сардиҳо тобовартаранд, аммо ҳайвонҳои хурд ҳамеша осебпазиранд!