КҲФ: Ҳавои сарди ду рӯзи оянда. Хатари лағзиши тарма дар роҳи Душанбе – Хуҷанд

Котенок

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо такя ба маълуоти Агентии ҳавошиносии кишвар хабар медиҳад, ки рӯзҳои 5 – 7-уми декабри соли равон аз километри 47 то 79 роҳи мошингарди Душанбе-Хуҷанд аз сабаби боришоти шадид хатари лағзиши тарма вуҷуд дорад.

Дар ҳамин иртибот Кумита аз шаҳрвандони ва меҳмонони кишвар хоҳиш мекунад дар чунин рӯзҳо равуо бо роҳҳои кӯҳиро маҳдуд кунанд. Аз рафтан ба доманакӯҳҳо барои ҷамъоварии ҳезум, ба шикоргоҳ барои шикор худдорӣ намоянд. Ҷиддан қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхторро риоя кунанд, дар истифода аз бухориҳои барқиву дигар воситаҳои гармидиҳанда эҳтиёткор бошанд. 

ВА ТАВСИЯҲОИ ДИГАР:

  • Дар манзилҳои истиқоматии худ, новобаста ба он ки шумо соҳиби ҳавлиед ва дар биноҳои баландошёна зиндагӣ мекунед, барои гармии ҳарорати ҷойи истиқомати худ талош намоед. Агар системаи гармидиҳӣ дар хонаҳои шаҳрии маҳалли истиқомати шумо фаъол бошад, талош кунед батареяҳои манзилатон бенуқс кор кунанд, то ҳарорати хона муътадил бошад.
  • Дар хона бояд гармӣ ба ҳадди лозим бошад, то сардии ҳаво ба шумо ва аҳли хонадонатон таъсир накунад ва аз бемориҳое, ки бар асари сардӣ сар мезананд, эмин бошед.
  • Аз истифодаи асбобҳои барқии дастсохт ва обгаркунҳои дастсохт худдорӣ намоед. Ин гуна таҷҳизот маъмулан хатар доранд ва барои пешгирӣ аз ҳодисаҳои нохӯш хуб мешавад, ки аз истифодаи онҳо даст кашед.
  • Ҳангоми шамоли сахт талош кунед ҳаргиз зери дарахтону сутунҳои сустниҳод ва симчӯбҳои барқӣ наистед. Ин хеле хатарнок аст. Эҳтиёт кунед!
  • Шумо доим бояд ба ин бовра бошед, ки ҳавоноти хонагии шумо дар ҷойи гарму амнанд, барояшон ба қадри кофӣ захираи ғизо доред. Модоме дар хона ҳайвони хонагӣ нигоҳ медоред, пас масъулед дар бораи ғизои онҳо низ андешед.

ЧАНД ТАВСИЯ БА СОҲИБОНИ МОШИНҲО:

  • КҲФ бори дигар хотиррасон мекунад, ки чархҳои тобистонаро ба зимистона иваз намоед, мошинҳои калонҳаҷми боркашро бо ҳама гуна васоили эҳтиётӣ, аз ҷумла абзори зидди лағзиш дар ях, аз ҷумла занҷирҳо, белҳо, шамолкашҳо, фонусҳо, панҷара барои радиатор таъмин намоед. Ҳамзамон бо ин коршоямии системаи гармидиҳандаро санҷед;
  • ҳангоми ҳаракат дар роҳҳои кӯҳӣ фосилаи байни мошинҳоро назар ба ҳолатҳои маъмулӣ дарозтар гузоред, зеро дар роҳҳои пурлой ва яхӣ нигоҳ доштани мошин мушкил аст;
  • ҳама тавсияҳои кормандони ВКД, КҲФ-ро дар мавриди маҳдудияти муваққатии ҳаракати мошинҳо дар қитъаҳои ҷудогона дар ҳолатҳои лағзиши тарма ва резиши санг риоя намоед.

 Дар ҳоли пеш омадани ин ё он ҳолати фавқулода бо шумораҳои телефонҳои зерин ба қисми навбатдории кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва бахшҳои вилоятиву шаҳриву ноҳиявии он занг занед ва аз мушкили ба саратон омада хабар диҳед:

  • Навбатдори масъул дар Кумита: -112, 93-880-28-19, 221-91-19, 223-13-11;
  • Раёсати КҲФ дар шаҳри Душанбе:
  • 225-44-62, 225-44-76;
  • Шуъбаи КҲФ дар шаҳри Ҳисор:
  • (83139) 2-60-74;
  • Раёсати КҲФ дар вилояти Хатлон:
  • (83222) 2-35-05, 2-78-28;
  • Шуъбаи КҲФ дар шарҳи Кӯлоб:
  • (83322)   21656, 21657
  • Раёсати КҲФ дар ВМКБ:
  • (83522) 2-40-57, 22744; 
  • Раёсати КҲФ дар вилояти Суғд:
  • (83422)  51555, 57995