Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки бино ба маълумоти Агентии ҳавосанҷии Тоҷикистон то 9-уми декабри соли 2022 дар қаламрави мамлакат ҳавои сарду боронӣ пешбинӣ шудааст. Дар водиҳо борон ба барфи тар табдил мешавад, дар навоҳии кӯҳӣ ва наздикӯҳӣ барфи шадид меборад. Дамои ҳаво дар водиҳо ва ноҳияҳои наздикӯҳӣ рӯзона то ба +5 0С мерасад
Дар робита ба ин Кумита ба шаҳрвандон ва меҳмонони кишвар хотиррасон мекунад, ки ҳангоми истифодаи дастгоҳҳои барқӣ барои гарм кардани хонаҳо қоидаҳои бехатарии сӯхторро қатъиян риоя намуда, неруии барқро сарфаҷӯёна истифода баранд.
БАРОИ ТАЪМИНИ БЕХАТАРӢ ДАР РОҲҲО БА РОНАНДАГОН ТАВСИЯ МЕДИҲАНД:
- мошинро пеш аз сафар аз санҷиш гузаронед;
- чархҳои тобистонаро бо зимистона иваз кунед, системаи гармкунии мошинро бадиққат санҷед. Пеш аз сафар бо худ қисмҳои эҳтиётии заруриро бигиред, бахусус лампаҳои равшанидиҳандаро барои эҳтиёт дошта бошед;
- дар бордони мошинатон бояд ҳатман сару либоси гарм, фонус, бели хурди сафарӣ, банд барои кашидани мошин, сӯзишвории эҳтиётӣ, гӯгирд, термос бо оби гарм дошта бошед;
- дорухонаи мошинро пеш аз сафар аз назар гузаронед, доруҳои муҳлаташон гузаштаро берун андозед ва ба ҷойи он доруҳои наву заруриро гузоред;
- бо суръате ҳаракат кунед, ки бехатарии шумо ва ҳамсафарони шуморо таъмин кунад;
- ҳангоми ҳаракат бо роҳҳои кӯҳӣ фосиларо риоя кунед. Дар ёд дошта бошед, дар фасли сармо ва бахусус ҳангоми барфу борону сардиҳо роҳҳо маъмулан душворгузар мешаванд ва дар ин гуна ҳолатҳо фосилаи байни мошинҳо аз фосилаҳои маъмулӣ бояд дарозтар бошанд;
- агар шумо фурсати омода кардани мошинатонро барои ҳаракат дар роҳҳои кӯҳӣ дар фасли сардро наёфтед, пас хеле хуб мешуд, муваққатан аз сафарҳои безарурат даст кашед;
- тавсияҳои ВКД, КҲФ дар бораи маҳдуд шудани ҳаракат дар ин ё он самти ҳаракатро пурра риоя намоед. Ин тавсияҳо замоне ироа мешаванд ва ин тадбирҳо замоне андешида мешаванд, ки хавфи эҳтимолии лағжиши тармаву ярч ё резиши санг вуҷуд дошта бошад;
- дар соатҳое, ки ҳаво тира аст ё шаб аст, хуб мешавад ҳаракатро маҳдуд кунед;
Ғайр аз ин КҲФ аз шаҳрвандони хоҳиш мекунад сари вақт бомҳои худро аз барф тоза кунанд. Мошинҳои худро зери дарахтон нагузоранд!
Бо мақсади сироят нашудан ба ҳар гуна бемориҳои мавсимӣ Кумита тавсия медиҳад, ки дар ҷойҳои серодам пӯшидани ниқобро фаромӯш накунед.
КҲФ аз шаҳрвандон даъват мекунад, ки дар ин рӯзҳо сафарҳои худро дар роҳҳои кӯҳӣ бидуни зарурати таъҷилӣ маҳдуд намуда, аз корҳои кишоварзӣ, чаронидани чорво, моҳидорӣ, ғунучини ҳезум ва шикор дар манотиқи кӯҳистон худдорӣ кунанд, инчунин барои пешгирӣ аз эҳтимоли омадани сел ҷӯйборҳоро тоза намоянд, ҳангоми истифода аз бухориҳое, ки бо ангишт гарм мешаванд, қоидаҳои бехатариро риоя кунанд!
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ҳушдор медиҳад: ҲУШЁР БОШЕДУ ЭҲТИЁТ КУНЕД!!!