Сарбозони хидматкарда ҷавоб мешаванд, наваскарон ба ҷойи онҳо меоянд

Бо мақсади татбиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1995-2004 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ” дар кисмҳои ҳарбии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарбозоне, ки  хизмати дусоларо ба анҷом расондаанд, маросимҳои гусел баргузор мекунанд.

Тамринҳои ғайринақшавӣ дар қаламрави пойтахт

Кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таъмини бехатарии биноҳои истиқоматӣ, қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ, киштзорҳои кишоварзӣ аз обхезии баҳорӣ, омадани сел ва ярч корҳои тоза кардани маҷрои рӯдхонаҳо, обанборҳо, каналҳо ва сойҳоро шуруъ кардаанд. Барои анҷоми ин корҳо техника ва аҳолии маҳалҳо ҷалб шудаанд.

Ҷамъбасти фаъолияти семоҳаи аввал дар раёсатҳои Кумита

Дар Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ва се раёсатҳои вилоятӣ натиҷаи фаъолияти семоҳаи аввали соли 2022 дар ниҳодҳо ҷамъбаст гардид.

Дар ҳамаи ҷаласаҳои баргузоршуда як қатор тамоюлҳои асосӣ, ки дар самти пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ, корҳои таблиғотӣ, иҷрои қарорҳои ҷаласаи мушовараи Кумита...

Дар асоси мактуби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон “Маркази барномаҳои байналмиллалӣ”

Дар асоси мактуби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон “Маркази барномаҳои байналмиллалӣ”, аз Шумо талаб карда мешавад, ки номзадҳои дорои маҳорати баланди касбиро барои иштирок дар озмуни Стипендияи байналмиллалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дурахшандагон”, ҷиҳати таҳсил намудан дар Донишгоҳи ҳифзи шаҳрвандии Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Ҷумҳурии Белорус дар  зинаи бакалавр,  аз рӯи ихтисоси...

Имдодгарони Кумита бинои пурра таъмиршударо қабул карданд

4 апрели соли 2022 дар шаҳри Душанбе маросими ба истифода супурдани бинои пурра таъмиршудаи Раёсати ҷумҳуриявии таъиноти махсуси ҷустуҷӯву наҷоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.

Ин бино тибқи лоиҳаи “Таҳкими зарфиятҳои коҳиши хатари офатҳо ва эътино”, ки моҳи сентябри соли 2016 миёни КҲФ,

Страницы