Аз 31 июл то 1 августи соли 2023 дар ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд машқи фармондеҳӣ – ситодӣ дар мавзуи «Амали ҳайати роҳбарикунанда, қувва ва воситаҳои зернизоми ҳудудии Низоми ягонаи ноҳия ҳангоми боридани боронҳои пай дар пай ва задани жола» гузаронида шуд.
Машқи мазкур дар асоси Нақшаи чорабиниҳои асосии Раёсати Кумита дар вилояти Суғд оид ба масъалаҳои мудофиаи гражданӣ, пешгирӣ, эътино ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда барои соли 2023 баргузор гашта, мақсади он баланд бардоштани сатҳи омодагии мақомоти идоракунӣ, нишон додани маҳорату малака ва мустаҳкам намудани дониши назариявӣ доир ба масъалаҳои ҳифзи аҳолӣ, ҳудуд ва эмин нигоҳ доштани онҳо дар вақти сар задании ҳолатҳои фавқулодаи хусусияти табиӣ ва техногениро дар бар гирифт.
Дар чорабинии мазкур намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, зернизоми вазифавӣ Низоми ягона ва хадамотҳои ноҳия иштирок намуданд.
Дар асоси бонги шартии машқ соати 06:00 дақиқа аз ҷониби хадамоти алоқа ва хабардоркунии мудофиаи граждании ноҳия бонги «Ҷамъ» эълон карда шуд.
Дар бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ҳайати роҳбарикунандаи мудофиаи граждании ноҳия, зернизоми вазифавӣ Низоми ягона ва хадамотҳои ноҳия, чамъ карда шуданд.
Машқро Сардори мудофиаи граждании ноҳияи Зафаробод - Раиси ноҳия оғоз намуда, роҳбари машқи фармондеҳи ситодӣ, ҳайати роҳбарикунандаи ноҳияро бо вазъияти шарти машқ шинос намуда, оид ба ҳолати ба амал омадаи вазъи ба амал омада, масъулинро вазифагузорӣ намуд.
Вазъияти шартии машқ, ки дар ҳудуди ноҳияи Зафаробод бо гирифтани бонгҳои шартӣ оғози гаридид неруҳои зернизоми вазифавӣ Низоми ягона ва хадамотҳои ноҳия то омада расидани қувваҳои асосии вилояти барои бартараф намудани ҳодисаи фавқулоддаи табии шурӯъ намуданд.
Дар рафти машқ чорабини амалӣ бо тоза намудани канали обгузари ТМ-1 ба масофаи 35000 метр ва муоинаи сафии зернизомҳои вазифавӣ Низоми ягона ва хадамотҳои ноҳия гузаронида шуд.