Идомаи корҳои рафъи паёмадҳои офати табиӣ дар ноҳияи Айнӣ

Бино ба маълумоти Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд 4 августи соли 2023 дар ҳудуди деҳаи Лангари ҷамоати деҳоти Урметани ноҳияи Айнӣ бо мақсади бартарафсозии паёмадҳои сели харобкор корҳои зерин анҷом дода шуданд:

Барои кумак ба осебдидагон, тоза кардани қубурҳои обгузар, кӯчаҳо ва роҳҳои деҳа аз селовардаҳо 120 нафар сокинони деҳа ва 6 адад техникаи муҳандисӣ ҷалб гардид.

Дар натиҷаи ҳашар  2 ҳавлӣ, 12 иншооти ёрирасон, 2 километр роҳ, 400 метр селроҳа ва 800 метр латоки обёрии заминҳо аз ҳар гуна ифлосиҳо, лою, регу санг тоза карда шуд. 

Раёсати Агентии давлатии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар гурӯҳи ноҳияҳои водии Зарафшон ба аҳолии зарадида аз офати табиӣ дар деҳаи Лангари ҷамоати деҳоти Урметани ноҳияи Айнӣ 1000 кило орд, 60 кило макарон, 100 литр ранғани рустанӣ, 40 кило шакар, 40 кило чой кумак намуд.

Корҳои бартарафсозии паёмадҳои сел идома доранд.

барчасп: