Ҳалокати ронандаи мошини “Мерседес-Бенс”, ки дар садама оташ гирифта буд

18 марти соли 2023 тахминан соати 00:58 дақиқа ба Қисми навбатдории Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар расид, ки дар гардиши кӯчаи Зарнисори пойтахт садамаи мошин ба қайд гирифта шудааст.

Ба ҷойи ҳодиса наҷотдиҳандагони Раёсати КҲФ дар шаҳри Душанбе фиристода шуданд.

КҲФ: Хатари лағзиши тармаву омадани селҳо бартараф нашудааст. ЭҲТИЁТ КУНЕД!

Хатари лағзиши тармаву омадани селҳо

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки бино ба маълумоти Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон аз сабаби боло рафтани дамои ҳаво дар ноҳияҳои кӯҳии тобеъи ҷумҳурӣ, вилояти Суғд ва ғарби ВМКБ хатари лағзиши тарма, омадани селҳо, ярч ва резиши санг боқӣ мемонад.

Машғулиятҳои мудофиаи гражданӣ дар вилояти Хатлон

Рӯзи 14 марти соли 2023, санҷиш ва расонидани кўмаки амали – методӣ ва машғулиятҳои намунавӣ бо ҷалби коргарон ва хизматчиёни Маркази  бемориҳои сили вилояти Хатлон доир ба соҳаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ гузаронида шуд.

Мақсади гузаронидани санҷиш ва расонидани кўмаки амали – методӣ...

Ҳушдор аз хатари лағзиши тармаву резиши санг то 16-уми март

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи меҳмонон ва сокинони кишвар мерасонад, ки бино ба маълумоти Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон  бар асари гарм шудани ҳаво дар рӯзҳои охир ва боришот дар рӯзҳои баъдӣ то 16-уми марти соли 2023 дар ноҳияҳои кӯҳиву наздикӯҳӣ хатари лағзиши тарма, омадани селҳо, ярч ва резиши санг боқӣ мемонад.

Наҷоти як марди 42-солаи сокини Кӯлоб, ки дар рӯди “Душанбе” дар ҳоли мастӣ моҳидорӣ мекард

12 марти соли 2023 соати 17:03 дақиқаи вақти маҳаллӣ ба Қисми навбатдории Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар расид, ки дар як ҷазиранамои рӯди “Душанбе”, ки аз қаламрави маҷмааи “Шарқи озод” мегузарад, шахсе намудор аст. Маълум набуд, ки ӯ кист ва дар он ҷазираи хурдакак чӣ гуна афтода.

Страницы