Вазири корҳои дохилии Туркия ба наҷотдиҳандагони Кумита изҳори миннатдорӣ намуд (ВИДЕО)

Вазири корҳои дохилии Туркия ҷаноби Сулаймон Сойлу дар ҷараёни диди боздидҳои худ аз шаҳри бар асари заминларза харобшудаи Қаҳрамонмаръаш ба наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  изҳори сипос намуд.

Вазири корҳои дохилии Туркия рӯзи 11-уми феврал аз...

ФАВРӢ! Имдодгарони КҲФ аз зери вайронаҳои шаҳри Қаҳрамонмаръаш ду нафарро зинда берун овраданд. Яке аз онҳо тифли шашмоҳа! (ВИДЕО)

Дар ҷараёни роҳандозии корҳои наҷот дар шаҳри Қаҳрамонмаръаши Туркия наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ду нафарро зинда аз зери вайронаҳо берун оварданд, ки яке тифли 6-моҳа буд.

Дар натиҷаи истифодаи дақиқи таҷҳизоти наҷот дар умқи...

Мулоқот дар Раёсати КҲФ дар ВМКБ

10 – уми феврали соли 2023 дар Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ  мулоқоти ҳайтаи шахсӣ бо мутахассиси Шуъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати ҶТ дар ин вилоят Ҷумъахонов Шодихон баргузор шуд.

Дар рӯзнома ду масъала: рафти иҷрои «Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон...

Наҷотдиҳандагони КҲФ дар Қаҳрамонмаръаш: Нуҳ ҷасадро берун оварданд, туфангчаву камону ороишоти тилло пайдо карданд

Имдодгарони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба корҳои ҷустуҷӯву наҷоти зилзиладагони Туркия дар шаҳри Қаҳрамонмаръаш идома медиҳанд ва дар нахустин рӯзи оғози фаъолияти худ муддати 17 соат талош карданд дар кори рафъи паёмадҳои ин зилзилаи мудҳиш саҳм гузоранд.

 

ФАВРӢ: Наҷотбахшони тоҷик дар шаҳри Қаҳрамонмаръаши Туркия чор ҷасадро аз зери вайронаҳо берун оварданд

Имдодгарони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ин лаҳзаҳо дар шаҳри Қаҳрамонмаръаши Туркия саргарми роҳандозии корҳои ҷустуҷӯву наҷоти офатзадагон дар зилзилаи Туркия мебошанд, ҷасади чор нафарро аз зери сохтмони фурӯрафта берун овраданд.

Корҳои ҷустуҷӯро ғарами оҳану бетон, дару девори...

Страницы