Ҷаласаи Гурӯҳи арзёбиҳои фаврӣ ва ҳамоҳангсозии ҳолатҳои фавқулода (РЕАКТ) доир шуд

1 августи соли 2023 дар Маркази ҷумҳуриявии таълимӣ-методии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Раиси Кумита, генерал-полковники милитсия Рустам Назарзода ва Ҳамоҳангсози доимии СММ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Кавилмадам Рамасвами Парвати, иштироки намояндагони як қатор созмонҳои байналмилалӣ ҷаласаи Гурӯҳи арзёбиҳои фаврӣ ва ҳамоҳангсозии ҳолатҳои фавқулода (РЕАКТ) баргузор шуд.

Сарвари Кумита ҷаласаро ифтитоҳ намуда, таъкид намуд: «Танҳо тавассути амалҳои муштарак ва ҳамоҳангӣ мо метавонем дар самти коҳиши хатари офатҳои табиӣ ба натиҷаҳои дилхоҳ ва зарурӣ расем ва ба аҳолии ниёзманд ҳамаҷониба кумак кунем. Итминон дорам, ки   муттаҳид кардани неруҳо, зарфиятҳо дар мавриди офатҳои табиӣ ва расонидани кумак ба ниёзмандон оянда ва дар тӯли ҳамкориҳо шиори аслии мо хоҳад буд”.

Ҳамчунин Раиси КҲФ ба ҳозирон дар бораи ҳолатҳои фавқулодаи бақайдгирифташуда дар қаламрави кишвар маълумот дод. Ҳамзамон генерал Назарзода оид ба ҳаҷми ёриҳо ба осебдидагон ва рафъи паёмадҳои офатҳо ва ҳодисаҳои фавқулода аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҳкими корҳо дар ин самт аз ҷониби Гурӯҳи РЕАКТ изҳори назар намуд.

Дар ҷараёни ҷаласа ба ширкаткунандагон дар бораи Конфронси Осиёии коҳиши хатари офатҳо, татбиқи ташаббуси “Огоҳии бармаҳал барои ҳама” дар Тоҷикистон, ки қарор аст моҳи октябри соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе баргузор гардад ва натиҷаҳои тамринҳои омӯзишӣ дар ноҳияи Ҷалолуддини Балхии вилояти Хатлон ва ноҳияи Шаҳринав, иттилоъ дода шуд.

Дар ҳошияи ин нишаст ҳамчунин китоби “Донишномаи ҳолатҳои фавқулода” рӯнамоӣ шуд.

Хонум Кавилмадам Рамасвами Парвати дар ниятҳо дар мавриди таҳкими ҳамкориҳои минбаъда дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ оид ба коҳиши хатари офатҳо ва бартарафсозии паёмадҳои он ба кулли ширкаткунандагон ҳамфикр буд.

Дар поёни ҷаласа самти аввалиндараҷаи ҳамкориҳо дар коҳиши хатари офатҳо ва вокуниш ба офатҳои табиӣ муайян карда шуданд.

барчасп: