Дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 29-солагии таъсиси идораи наҷоти кишвар мусобиқоти варзишӣ миёни кормандон ва хидматчиёни ҳарбӣ баргузор мешавад.
Ҳафтаи гузашта кормандони Кумита дар намуди варзиши давидан ба масофаи 3000 метр, сангбардорӣ ва вазнкашӣ якчанд мусобиқа анҷом доданд.
Дар ин мусобиқаҳо 23 нафар кормандони Дастгоҳи марказӣ ва воҳидҳои сохтории Кумита ва қисми ҳарбии Кумита дар Душанбе иштирок намуданд.
Ҷойи аввал дар сангбардорӣ насиби подполковник Ғайратшоҳ Сулаймонов-афсари калони Дастгоҳи Марказии Кумита (70 маротиба) шуд.
Ҷойи дуюм ба майор Қувваталӣ Холмирзоев, афсари калони Дастгоҳи марказии Кумита (56 маротиба) тааллуқ гирифт ва майор Фаррухҷон Маҳмадов бо 30 бор бардоштани санг соҳиби ҷойи сеюм шуд.
Дар намуди варзиши давидан ба масофаи 3000 метр ҷойи аввал насиби лейтенанти калон Давлатёр Амирхонов, сардори яке аз қисмҳои ҳарбии КҲФ шуд.
Ҷойи дуюмро майор Убайдулло Баротов – афсари калони шуъбаи Раёсати қушунҳои КҲФ ва ҷойи сеюмро Эмомалӣ Саидзода-афсари Сарраёсати мудофиаи граждании КҲФ ишғол намуд.
Дар намуди варзиши кашидан дар турник се ҷойи аввал насиби лейтенант Акбарҷон Масруров, афсари Раёсати ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуди КҲФ (ҷойи якум), капитан Бахтовар Сафарбеков афсари Сарраёсати мудофиаи гражданӣ (ҷойи дуюм) ва майор Диловар Саидов, афсари калони Раёсати КҲФ дар шаҳри Душанбе (ҷойи сеюм) гардид.
Мусобиқаҳо идома доранд.