КҲФ: Хатари омадани селҳо бар асари об шудани пиряхҳо боқӣ мемонад!
Чоп шуд: 05/07/2023 | redaktorКумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон истинодан ба Агентии ҳавошиносси кишвар хабар медиҳад, ки рӯзҳои 6 – 7 июли соли 2023 дар як қатор ноҳияҳои ғарбии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ҳамчунин ноҳияҳои кӯҳии тобеъи ҷумҳурӣ ва вилояти Суғд хатари омадани селҳо бар асари об шудани пиряхҳо боқӣ мемонад.