Ҳушдори КҲФ аз ҳавои пурчанг ва омадани селҳо бар асари об шудани пиряхҳо
Чоп шуд: 03/07/2023 | admin![ҳавои пурчанг](https://khf.tj/sites/default/files//styles/232_155/public/field/image/pyl-dushanbe_0.jpg?itok=qk0sLGY9)
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикисон истинодан ба маълумоти Агентии ҳавошиносии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки рӯзҳои 3-5 июли соли 2023 бар асари боди шадиде, ки аз самти ҷанубу ғарб бо суръати 13-18 м/с хоҳад вазид, дар қаламрави вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ ҳавои пурчангу хок дар назар дошта шудааст.