Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикисон истинодан ба маълумоти Агентии ҳавошиносии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки рӯзҳои 3-5 июли соли 2023 бар асари боди шадиде, ки аз самти ҷанубу ғарб бо суръати 13-18 м/с хоҳад вазид, дар қаламрави вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ ҳавои пурчангу хок дар назар дошта шудааст.
Ҳамчунин рӯзҳои 3-5 июл дар як қатор ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавошиносон омадани селҳоро бар асари об шудани пиряхҳо пешгӯӣ мекунанд, дар ноҳияҳои ҷудогонаи кӯҳии вилояти Суғд низ омадани селҳо эҳтимол дорад.
Дар ҳамин иртибот Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждани иназди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз аҳолӣ хоҳиш мекунад бештар ба касони гирифтори бемориҳои дил, диабети қанд ва гипертония таваҷҷуҳ кунанд.
Ронандагон ва дӯстдорони сайёҳиву гардишгарон бояд дар ин гуна рӯзҳои пурчанг суръати ҳаракат дар роҳҳоро риоя кунанд, техникаи бехатарии ҳаракат дар роҳҳои кӯҳиву наздикӯҳҳӣ, саҳроҳои дом анфарохро риоя намоянд. Риояи фосила байни мошинҳо хеле муҳим аст, чун эҳтимоли резиши санг аз кӯҳҳо низ зиёд аст.