Анҷоми амалиёти наҷоти кӯҳгарди белорус (ВИДЕО)
Чоп шуд: 22/07/2023 | redaktor21 июли соли 2023 наздик ба соати 17 вақти маҳаллӣ баъди роҳандозии амалиёти мушкили наҷот, ки муддати ду шабонарӯз идома дошт, имдодгарони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯҳгарди осебдидаи аҳли Белурусияро ба шаҳри Душанбе фуруд оварданд.
Дар фурӯдгоҳи Айнӣ кӯҳгардро духтурони беморхонаи КҲФ ва мошини Ёрии таъҷилӣ вохӯрданд ва ӯро ба бемористони “Истиқлол”-и пойтахт интиқол доданд.