21 июли соли 2023 наздик ба соати 17 вақти маҳаллӣ баъди роҳандозии амалиёти мушкили наҷот, ки муддати ду шабонарӯз идома дошт, имдодгарони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯҳгарди осебдидаи аҳли Белурусияро ба шаҳри Душанбе фуруд оварданд.
Дар фурӯдгоҳи Айнӣ кӯҳгардро духтурони беморхонаи КҲФ ва мошини Ёрии таъҷилӣ вохӯрданд ва ӯро ба бемористони “Истиқлол”-и пойтахт интиқол доданд.
Вазъи саломатии ӯ мураккаби миёна арзёбӣ мешавад.
Ёдовар мешавем, ки ба Қисми навбатдории Кумита дар бораи ҳодисаи нохӯш дар кӯҳҳои ноҳияи Лахш хабар расида буд, ки кӯҳгард-шаҳрванди Белорусия Д.Л.Гракович соли таваллудаш 30 декабри 1986, сокини шаҳри Минск ҳангоми фатҳи қуллаи кӯҳ аз баландӣ сарозер шуд ва дар натиҷа осеби ҷисмонӣ дидааст. Бино ба гуфтаи манбаъ қабурғааш шикастааст.
Аз ҳисоби наҷотдиҳандагони пуртаҷриба фавран як гурӯҳи имдод созмон дода шуд. Онҳо бо воситаи чархболи вазорати мудофиаи Тоҷикистон дар қуллаи “Москвина”-и ноҳияи Лахш равон шуданд.
Аз сабаби мавҷуд набудани ҷойи нишаст барои чархбол имдодгарон аз он поён шуданд ва пои пиёда 6 километр роҳро тай намуда, кӯҳгардро пайдо карданд.