Ҳушдори КҲФ: хатари омадани селҳо бар асари об шудани пиряхҳо боқӣ мемонад
Чоп шуд: 12/07/2023 | adminКумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон истинодан ба маълумоти Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки рӯзҳои 14-17 июли соли ҷорӣ дар ҳудуди вилоятҳои Хатлон, Суғд, ҳамчунин ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ бар асари шиддати шамол аз самти ҷанубу ғарб (бо суръати 20-25 м/с) ва рӯзҳои 15-17 июл дар як қатор ноҳияҳои ғарбии ВМКБ ҳавои пурчангу ғубор дар назар дошта шудааст.