Ҳушдори КҲФ: хатари омадани селҳо бар асари об шудани пиряхҳо боқӣ мемонад

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон истинодан ба маълумоти Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки рӯзҳои 14-17 июли соли ҷорӣ дар ҳудуди вилоятҳои Хатлон, Суғд, ҳамчунин ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ бар асари шиддати шамол аз самти ҷанубу ғарб (бо суръати 20-25 м/с) ва рӯзҳои 15-17 июл дар як қатор ноҳияҳои ғарбии ВМКБ ҳавои пурчангу ғубор дар назар дошта шудааст.

Дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои ҷанубӣ ва марказии вилояти Хатлон, ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ, навоҳии шимолии вилояти Суғд ва ноҳияҳои  ҷанубу шарқии ВМКБ олудагии ҳаво аз ҳисоби зарраҳои чанг ба андозаи 10 мкр (Рм-10) ва 2,5 мкр (Рм-2,5) хоҳад буд.

Рӯзҳои 13-14 июл дар як қатор ноҳияҳои ВМКБ, вилояти Суғд ва навоҳии тобеъи ҷумҳурӣ хатари селҳо бар асари об шудани пиряхҳо боқӣ мемонад.

Дар ҳамин иртибот Кумита такроран ба аҳолӣ муроҷиат мекунад, ки чораҳои эҳтиётиро риоя кунанд.

Селроҳаҳо, ҷӯйҳо ва каналҳои маҳалли худро ҳамеша  тоза нигоҳ доранд, то об роҳи бе мамониат берун рафтан дошта бошад.

Дар чунин рӯзҳо рафтан ба доманакӯҳҳову соҳили рӯдхонаҳо барои ҷамъоварии ҳезум, гиёҳҳои доруворӣ, моҳидорӣ, шикор  маслиҳат нест.

 

барчасп: