Раиси КҲФ Ҳамоҳангсози доимии СММ дар Тоҷикистонро ба ҳузур пазируфт

12 июли соли 2023 Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковник Рустам Назарзода Ҳамоҳангсози доимии СММ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Кавилмадам Рамасвами Парватиро ба ҳузур пазируфт.

Дар ҷараёни мулоқот вазъи имрӯза ва дурнамои рушди ҳамкориҳои барои ҷонибҳо манфиатовар миёни Кумита ва сохторҳои СММ, ҳамчунин масъалаҳои вобаста ба лоиҳаҳои татбиқшаванда дар Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.   

Аз ҷумла, Сарвари КҲФ ба хонум Парвати дар бораи фаъолиятҳои Кумита ва сохторҳои он маълумот дод, аз сатҳи ҳамкориҳои дуҷониба бо сохторҳои дахлдори СММ изҳори қаноатмандӣ кард ва ба муҳим будани истифодаи имкониятҳои ҳамкорӣ таъкид намуд. Вай аз ҷумла қайд кард, ки сохторҳои Кумита дар чорабиниҳои байналмилалӣ ва тамринҳое, ки сохторҳои СММ ташкил мекунанд, фаъолона ширкат менамоянд. 

Хонум Кавилмадам Рамасвами Парвати ба пазироии гарм ва ҳамкориҳои судманд изҳори сипос намуд. Вай қайд кард, ки дар Тоҷикистон чорабиниҳои муҳиме дар самти идораи хатари офатҳо, пешгирии ҳолатҳои фавқулода ва бартарафсозии паёмадҳои онҳо гузаронида шуданд. 

Дар мулоқот ҷонибҳои нақшаҳои муштараки ҳамкориҳо оид ба огоҳии бармаҳали аҳолӣ, пешгирии ҳолатҳои фавқулода ва рафти иҷрои муоҳадаҳои имзошударо баррасӣ карданд.

барчасп: