Фоҷеа дар Рӯшон. Ду нафар ғарқ шуданд: яке 14 сол дошту аз деҳаи Вамар ва дуюмӣ 12-сола меҳмон аз Хуҷанд

Ҳолатҳое мешаванд, ки бачаҳо аз шавқи бозӣ ва саргармӣ худ ба ногаҳ по ба фоҷеа мениҳанд. Бахусус ин шабу рӯзҳои гарм, ки аксаран соҳили обҳоро мавзеъи тафреҳу истироҳат қарор медиҳанд, хатарҳо зиёданд.

4 июли соли равон соати 17:10 дақиқаи вақти маҳаллӣ дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Рӯшони ноҳияи Рӯшони ВМКБ бачаҳои маҳаллӣ чун одати ҳамешагӣ футбол мебозиданд. Дар ин асно баногаҳ тӯпи футбол аз замин боло ҷаст ва ба дарё афтод.

Ду нафар аз ин бачаҳо, ки яке 14 сол дошту сокини деҳаи Вамари ҷамоати деҳоти Рӯшон буд ва дуюмӣ 12-сола, меҳмон аз шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд талош карданд, тӯпро доранд, вале ҳарду дар об сарнагун шуданд ва ғарқ гаштанд. 

Барои роҳандозии корҳои ҷустуҷӯӣ дастаи наҷотдиҳандагони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ ба ҷойи ҳодиса рафтанд.

Дирӯз ҷустуҷӯи ҷасади ноболиғон натиҷа надод. Аз субҳи имрӯз корҳои ҷустуҷӯӣ аз сар гирифта шуданд.

барчасп: