КҲФ: ТАҚВИЯТИ ҲАМКОРИҲО ДАР САМТИ ОМОДАСОЗИИ КАДРҲО
Чоп шуд: 03/03/2026 | redaktor
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади сайқали донишу малака ва тақвияти кор дар самти кадрҳо пайваста тадбирҳои заруриро амалӣ менамояд.
Дар ин ҳошия чанде пеш дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон вохӯрии масъулини самти кадрҳои вазорату кумитаҳои ҳолатҳои фавқулоддаи кишварҳо доир гардид. Дар вохӯрии мазкур полковник Шокирзода Баҳром, сардори Раёсати кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат доштанд.





