Семинари омӯзишӣ оид ба огоҳсозии бармаҳал ва чораҳои наҷот дар ҳолатҳои фавқулода дар минтақаи Кӯлоб
Чоп шуд: 05/06/2025 | redaktor
Дар доираи созишномаи ҳамкорӣ байни Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташкилоти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон, дар Шуъбаи КҲФ ва МГ дар минтақаи Кӯлоб бо ҷалби хадамоти мудофиаи гражданӣ, хадамоти оташнишонӣ, хадамоти тиббӣ, хадамоти тартиботи ҷамъиятӣ ва волонтёрон семинар дар мавзӯи «Огоҳсозии бармаҳал барои ҳама» баргузор гардид.
Аз тарафи дастаи наҷотдиҳандагони шуъбаи минтақавӣ ба ҳозирин намоиши таҷҳизоти наҷотдиҳӣ ва саҳнаи таклидии наҷоти шаҳрвандони осебдида аз бинои бисёрошёна пешниҳод карда шуд.
Тӯфони гарду ғубор дар Тоҷикистон. Рӯзҳои 6-9-уми июн. ЭҲТИЁТ КУНЕД!
Чоп шуд: 04/06/2025 | redaktor
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки бино ба гузориши Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон рӯзҳои 6 то 9 июни соли ҷорӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоятҳои Хатлону Суғд, Ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе бо сабаби омилҳои метеорологӣ (гарду ғуборе, ки аз самти минтақаҳои ҷанубу-ғарбӣ ва ҷанубӣ ба кишвар ворид мегардад)
Ҳалокати ду нафар дар як канал воқеъ дар шаҳри Душанбе. Яке 50 ва дуюмӣ 53 сол дошт
Чоп шуд: 03/06/2025 | redaktor
3-уми июни соли 2025, соати 01:44 дақиқа 2-нафар шаҳрванд ҳангоми нӯшидани об аз беэҳтиётӣ дар канали «Дереватсионии ноҳияи Варзоб», воқеъ дар шафати «Кӯли Душанбе»-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ ғарқ шудаанд.
6-нафар наҷотдиҳандагони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражаднии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе соати 01:46 дақиқа
Заминларза дар Тоҷикистон
Чоп шуд: 02/06/2025 | redaktor
Хадамоти геофизикии Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз заминларза дар кишвар хабар дод. Бино ба гузориши ин ниҳод рӯзи 2-юми июни соли 2025, соати 12:03 дақиқа дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон заминҷунбӣ ба қайд гирифта шуд.
Маркази заминларза 150 километр шимолу-шарқи шаҳри Душанбе, 14 километр ҷанубу-шарқи шаҳраки Ғарми ноҳияи Рашт дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.
Страницы
- « первая
- ‹ предыдущая
- …
- 3
- 4
- 5
- 6
- 7
- 8
- 9
- 10
- 11
- …
- следующая ›
- последняя »