COVID-19: Амико панҷ рӯз қурбониёни коронавирусро ёд мекунад
Чоп шуд: 23/02/2021 | redaktor
Дар ИМА ба поси хотири 500 ҳазор фавтидагон аз COVID-19 мотам эълон шуд. Президенти Амрико Ҷо Байден ба як қароре имзо гузошт, ки сокинони кишвар муддати панҷ рӯзи оянда хотири ҷонбохтагон аз коронавирусро пос хоҳанд дошт. Дар ин муддат дар саросари кишвар парчамҳо поин кашида мешаванд, сокинон аз гузаштаҳову қурбониёни корона ёд мекунанд.