АРТИШИ МИЛЛӢ – СИПАРИ ДАВЛАТИ ТОҶИКОН!

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ироаи Паёми ҳамасолаи худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва зимни дигар баромаду вохӯриҳо бо низомиёни мамлакат ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот таъкид менамоянд, ки воқеоту таҳаввулоти ҷомеаи мухталифи ҷаҳонӣ ҳар яки моро ҳушдор месозад, ки зиракии сиёсӣ, омодагии доимӣ, эҳсоси баланди ватандӯстӣ, худогоҳӣ ва муқаддас доштану ҳифз намудани ҳама арзишҳои истиқлолияти давлати куҳанбунёдамонро аз даст надиҳем. Чунки вазъи зудтаъғйирёбандаи ҷаҳони муосир, зиёд гардидани равияву ташкилотҳои тундрави террористиву экстремистӣ ва дигар зуҳуроти таҳдидовари хатарнок метавонад сулҳу субот ва ҳайти орому осудаи мардумони кишвари моро халалдор намояд. Аз ин рӯ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳалли масъалаҳои мустаҳкам намудани иқтидори мудофиавии кишвар диққати махсус зоҳир намуда, онро аз рӯзҳои аввали таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ таҳти назорати доимии худ қарор додаанд. Чунки дар ҳар давру замон ҳеҷ як давлату халқият бе Қувваҳои Мусаллаҳи худ вуҷуд дошта наметавонад. Зеро, ки ин қувва сулҳу субот, оромию осоиштагии мардум ва амнияти ҳар як кишварро таъмин менамояд.

Умуман, дар ин солҳо маҳз саҳми беназири Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти ҶТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бениҳоят бузург буда, дар Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби афсарону сарбозон ҳазорҳо нафар мутахасисони соҳавӣ ва силоҳу муҳиммоти ҷангӣ, ки барои Артиши милли Тоҷикистон заруранд, гирифта шудаанд.

Илова бар ин, Сарфармондеҳи Олии кишвар дар яке аз суханрониҳои хеш иброз доштанд: “Мо ба Қувваҳои Мусаллаҳи кишварамон эътимоди комил дорем ва дилпурем, ки онҳо минбаъд низ Истиқлолияту озодии Тоҷикистони маҳбубамон, амнияти давлат ва суботу оромии мардуми моро чун сипар ҳимоя мекунанд”.

 

Сардори Шуъбаи Сарраёсати ҳифзи аҳолӣ ва ҳудудӣ КҲФ

Икромзода Ҷалолиддин Икром

 

майор

барчасп: