КҲФ-ХАТЛОН: ТАНТАНҲОИ ИДОНА
Чоп шуд: 21/02/2026 | redaktor
Санаи 20 феврали соли 2026 ҳамоиши тантанавӣ бо ҳайати шахсии Раёсат ва воҳидҳои сохтории он дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Бохтар таҳти унвони “Нақши Пешвои миллат дар бунёд ва таҳкими Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон” бахшида ба 33-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид..
Бо сухани ифтитоҳӣ полковник Ҷалолзода А-муовини сардори Раёсат баромад намуда, аз хизматҳои таърихии Пешвои миллат дар таъсис, рушд ва таҳкими Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдовар гардида, нақши Артиши миллӣ дар таъмини амнияти давлат ва ҳифзи дастовардҳои истиқлолиятро муҳим арзёбӣ намуд.


