КҲФ: Вохӯрии судманд

Нимаи дуюми рӯзи 29 августи соли 2025 миёни Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковник Раҷабалӣ Раҳмоналӣ бо роҳбари барномаи кишварии Созмони Миллали Муттаҳид — занон дар Тоҷикистон, хонум Марзия Байдуллоева вохӯрӣ доир гардид.

Зимни мулоқот Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковник Раҷабалӣ Раҳмоналӣ аз ҳамкориҳои дуҷониба изҳори миннатдорӣ намуд.

КҲФ: Вохӯрӣ бо шарикони рушд

Нимаи дуюми рӯзи 29 августи соли 2025, Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал - полковник Раҷабалӣ Раҳмоналӣ бо Сафири Британияи Кабир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Кэтрин Смиттон вохӯрӣ доир намуд.

Дар вохӯрӣ вобаста ба густариши ҳамкориҳои дуҷониба мавриди баррасӣ қарор гирифта, ҷиҳати бозҳам густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ мароқ зоҳир карда шуд.

Заминларза. Маркази он Афғонистон буд

Бино ба иттилои Хадамоти геофизикии Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 27 августи соли 2025, соати 18:27 дақиқа дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд.

Маркази заминларза 298 километр ҷанубу шарқ  аз шаҳри Душанбе, 45 километр ҷанубу ғарб аз ноҳияи Ишкошим, 104 километр ҷанубу ғарб аз шаҳри Хоруғ дар ҳудуди Ҷумҳурии Исломии Афғонистон  буд.

Сабти заминларзаи нав дар Тоҷикистон

Бино ба гузориши Хадамоти геофизикии Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон 26-уми августи соли 2025, соати 15:31 дақиқа дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд.

Ба иттилои манбаъ маркази зилзила 299 километрии шимолу шарқи шаҳри Душанбе, 79 километрии шарқи ноҳияи Лахш, 

Садамаи маргбор дар ноҳияи Рӯдакӣ. Ронанда бо ҳамсафараш ҳалок шуд

27 – уми августи соли 2025,  соати 02:30 дақиқа дар ҳудуди  деҳаи Оби-Шифои ҷамоати деҳоти Чоргултеппаи ноҳияи Рӯдакӣ,  садамаи нақлиётӣ ба қайд гирифта шуд. Автомашинаи сабукрави тамғаи “Mersedes-Bens” бо рақами давлатиаш tj62-40ВВ01, ки мутааллиқ ба ронанда Каримов Музаффаршоҳ Эшмуродовичи 34-сола, сокини деҳаи Зарнисори ҷамоати деҳоти Чоргултеппа буд, ҳангоми ҳаракат аз канори роҳ берун шуд ва умқи тақрибан 50 метр сарозер гардид.

Сабаби ҳодиса аз уҳдаи идораи мошин набаромадани ронанда гуфта шудааст.

Ба муҷарради бархӯрди мошин ба ҷарӣ сӯхтор ба амал омад ва ронанда бо мусофираш дар ҷойи ҳодиса

Страницы