Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба баланд гардидани хатари тармафароӣ иттилоъ медиҳад.
Тибқи маълумоти Агентии обуҳавошиносӣ, аз 3 то 5 март дар қитъаҳои тармахавфи роҳи автомобилгарди Душанбе – Чанак (км 48–74 ва км 78–81) эҳтимоли фаромадани тарма пешбинӣ мегардад. Қитъаҳои Майхура ва Зидеи ноҳияи Варзоб аз ҳама хавфнок арзёбӣ мешаванд.
Ҳамчунин, хатари тармафароӣ дар ноҳияҳои кӯҳии тобеи ҷумҳурӣ ва дар ноҳияҳои ғарбии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон низ дар назар аст.
Бо дарназардошти вазъияти баамаломада, Кумита аз ронандагон ва сокинони ноҳияҳои кӯҳӣ хоҳиш менамояд:
• дар шароити номусоиди обу ҳаво аз сафар тавассути қитъаҳои зикршуда худдорӣ намоянд;
• талаботи хадамоти роҳ ва кормандони сохторҳои дахлдорро қатъиян риоя кунанд;
• дар минтақаҳои тармахавф таваққуф накунанд;
• пайваста аз маълумот ва огоҳсозиҳои расмӣ бохабар бошанд.


