КҲФ: Мулоқоти Раиси Кумита бо намояндагони Барномаи озуқавории ҷаҳонии СММ
Чоп шуд: 07/03/2026 | redaktor
Дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти Раиси Кумита генерал-полковник Раҷабалӣ Раҳмоналӣ бо мудири кишварии Барномаи озуқавории ҷаҳонии Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон Симон Ҳоллема баргузор гардид.
Дар мулоқот аз ҷониби Барномаи озуқавории ҷаҳонӣ сармутахассис оид ба шарикон Мунира Амидхонова ва сармутахассис оид ба татбиқи лоиҳаҳо Илҳом Сафаров иштирок намуданд.

