Дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти Раиси Кумита генерал-полковник Раҷабалӣ Раҳмоналӣ бо мудири кишварии Барномаи озуқавории ҷаҳонии Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон Симон Ҳоллема баргузор гардид.
Дар мулоқот аз ҷониби Барномаи озуқавории ҷаҳонӣ сармутахассис оид ба шарикон Мунира Амидхонова ва сармутахассис оид ба татбиқи лоиҳаҳо Илҳом Сафаров иштирок намуданд.
Аз ҷониби Кумита бошад, генерал-майор Ҷамшед Камолзода, сардори Сарраёсати ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд ва полковник Насриддин Саидён, сардори Раёсати ҳамкориҳои байналмилалӣ ҳузур доштанд.
Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба рушди ҳамкориҳо, натиҷаҳои фаъолияти муштарак ва дурнамои ҳамкорӣ барои соли 2026-ро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Ҳамзамон, таъкид гардид, ки таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба дар самти ҳифзи аҳолӣ аз ҳолатҳои фавқулодда ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак барои баланд бардоштани омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода аҳамияти муҳим дорад.
Дар анҷоми мулоқот ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати идомаи ҳамкориҳои судманд ва густариши муносибатҳои шарикӣ дар оянда изҳор намуданд


