Бар асари заминларза дар Афғонистон ҳаддиақал 20 нафар ҷони худро аз даст доданд
Чоп шуд: 03/11/2025 | admin
Бино ба гузоришҳои расида бар асари заминларза дар Афғонистон беш аз 20 нафар ба ҳалокат расид ва наздик ба 320 нафар дигар маҷруҳ шуданд. Шумораи қурбониёни ин зилзила ба эҳтимоли зиёд рӯ ба афзоиш аст, чун омори дақиқ аз манбаъҳои муътамад дастрас нашудааст.
Ҳамчуноне иттилоъ додем, бино ба гузориши Хадамоти Геофизикии АМИТ ин заминларза 3-уми ноябри соли 2025, соати 01:29 дақиқа бо вақти маҳаллӣ рух дод ва маркази он 236 километр ҷанубу-ғарби шаҳри Душанбе, 80 километр ҷанубу-ғарби ноҳияи Шаҳритузи вилояти Хатлон, 322 километр аз шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд дар ҳудуди Ҷумҳурии Афғонистон буд.





