Санҷиши малакаву маҳорати касбии ҳайати шахсӣ таҳти роҳбарии полковник Хуршед Вализода, сардори Сарраёсати мудофиаи граждании Кумита ҷараён дошта, он то нимаи аввали моҳи июни соли 2026 идома хоҳад ёфт.
Зимни санҷиш гурӯҳи корӣ бо ҳайати шахсии Раёсати Кумита вобаста ба масъалаҳои тартибу интизоми ҳарбӣ, риояи ҳатмии Оинномаҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, тартиби пӯшидани сару либоси ҳарбӣ, иштирок дар чорабиниҳои сиёсӣ – давлатӣ ва содиқ будан ба Ватани азизи худ, сӯҳбату вохӯриҳо доир намуданд.
Хуршед Вализода масъалаҳои мубрамро мавриди таҳлили ҳамаҷониба қарор дода , вобаста иҷрои саривақтии онҳо ба масъулин супоришҳои мушаххас доданд.
полковник Атохуҷа Шоев, сардори Шуъбаи корҳои сиёсӣ тарбиявии Раёсати кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсии Кумита низ зимни баромади хеш оид ба Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуда, дастур доданд, ки вобаста ба Стратегияи муқовимат ба коррупсия, Стратегияи экстремизм ва терроризм маълумотҳои муфассал омода намуда, пешниҳод карда шаванд.
Дар охири ҷаласа аз тарафи полковник Вализода Х. ба иштирокдорон супоришҳои мушаххас ва барои омода намудани ҳуҷҷатҳо ба санчиш дастур доданд.


