Машғулиятҳои омӯзишии соҳаи мудофиаи гражданӣ бо кормандони тандурустии шаҳри Ҳисор баргузор гардиданд

Санаи 23-24-уми октябри соли 2025 дар асоси нақшаи чорабиниҳои асосии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо мақомоти маҳаллӣ дар шаҳри Ҳисор машғулиятҳои омӯзишӣ оид ба масъалаҳои мудофиаи гражданӣ бо иштироки кормандони соҳаи тандурустӣ баргузор гардиданд.

Ҳадафи асосии баргузории ин машғулиятҳо баланд бардоштани сатҳи омодагӣ ва донишу малакаи амалии кормандони тиб дар ҳолатҳои фавқулода, аз ҷумла ҳангоми офатҳои табиӣ, садамаҳои техногенӣ ва ҳолатҳои изтирорӣ мебошад.

Дар таркиши баллони гази моеъ 2 нафар маҷруҳ шуданд

Бар асари инфиҷори як баллони гази моеъ дар шаҳри Душанбе ду нафар маҷруҳ шуданд

Ин ҳодиса 21 – уми октябри  соли 2025, соати 12:45 дақиқа дар кӯчаи Чортут-у, хонаи 55 рух дод. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ки ба тафтиши қазия машғуланд, мегӯянд шаҳрванд Боев Бахтиёр, сокини шаҳри Душанбе кӯчаи Пахтакор хонаи №38 баллони гази 45-литраи пуркардашударо ба ҳавлии Фирӯза Камоловаи 71-сола, воқеъ дар кӯчаи Чортут-1, хонаи 55 гузоштааст.

Инфиҷори ногаҳонии баллони газ ду нафарро маҷруҳ кардааст, ки яке 23 ва дуюмӣ 24 сол доданд.

Заминларза дар ҷумҳурӣ

Мувофиқи маълумоти Хадамоти геофизикии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон санаи 21 октябри соли 2025, соати 23:14 дақиқа бо вақти маҳаллӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд.

    Маркази заминларза 283 километр ҷанубу-шарқӣ аз шаҳри Душанбе, 101 километр шарқ аз шаҳри Хоруғи ВМКБ, 56 километр ҷанубу-шарқӣ аз ноҳияи Ишкошими ВМКБ, дар ҳудуди Ҷумҳурии Афғонистон буда, қувваи заминларза дар марказаш 5-балл дар ноҳияи Ишкошими ВМКБ, 

КҲФ: Корҳои фаҳмондадиҳӣ дар н.Синои ш.Душанбе

21 октябри соли равон (рӯзи дуюми чорабинӣ) дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе чорабинии фаҳмондадиҳӣ доир гардид, ки он дар доираи иҷрои нақшаи корҳои фаҳмондадиҳии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда шуд.

Чорабинии фаҳмондадиҳии мазкур оид ба қоидаҳои рафтори дуруст ҳангоми ба вуқуъ омадани заминларза маҳсуб меёфт. Он бо ташаббуси Маркази ҷумҳуриявии таълимӣ-методии Кумита ва бо дастгирии Раёсати Кумита дар шаҳри Душанбе ва ҳамкории Ташкилоти Фонди Оғохон дар Тоҷикистон баргузор гардид.

КҲФ: Корҳои фаҳмондаҳӣ дар ҳолати сар задани заминларза дар ш.Душанбе

Дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе миёни аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба рафтори дуруст ҳангоми сар задани заминларза гузаронида шуданд.

    Чорабинии мазкур бо мақсади баланд бардоштани сатҳи омодагии аҳолӣ ба ҳолатҳои фавқулода ва коҳиш додани хатару оқибатҳои заминларза тарҳрезӣ гардида, он бо ибтикори Маркази ҷумҳуриявии таълимӣ - методӣ ва кормандони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар шаҳри Душанбе

Страницы