Санаи 10 июли соли ҷорӣ, соати 15:00 ба Маркази идоракунии ҳолатҳои буҳронии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар расид, ки шаҳрванди Федератсияи Русия Антипов Владислав ҳангоми анҷом додани сайёҳии кӯҳӣ дар ҳудуди ноҳияи Варзоб, дар яке аз қуллаҳои кӯҳӣ дармонда, мустақилона имкони поён фаромаданро надорад.
Пас аз дарёфти хабар, бо дастури роҳбарияти Кумита гурӯҳи наҷотдиҳандагони Раёсати наҷотдиҳӣ фавран ба маҳалли ҳодиса сафарбар гардиданд. Наҷотдиҳандагон бо вуҷуди душвории релефи кӯҳӣ ва зарурати расидан ба макони ҳодиса дар муҳлати кӯтоҳ, шаҳрвандро пайдо намуда, ҳолати саломатии ӯро арзёбӣ карданд.
Дар натиҷаи амалиёти касбӣ ва саривақтии наҷот, соати 16:20 шаҳрванди Федератсияи Русия Антипов Владислав саломат аз минтақаи хатарнок ба доманаи кӯҳ фароварда шуда, наҷот дода шуд. Хушбахтона, ӯ осеби ҷиддии ҷисмонӣ набардошта, ба ҷойи бехатар интиқол дода шуд.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳамаи дӯстдорони сайёҳии кӯҳӣ тавсия медиҳад, ки пеш аз сафар масири ҳаракати худро ба наздикон ё мақомоти дахлдор хабар дода, шароити обу ҳаворо пешакӣ омӯзанд, таҷҳизоти зарурии бехатариро ҳамроҳ дошта бошанд ва аз танҳо ба минтақаҳои душворгузари кӯҳӣ сафар кардан худдорӣ намоянд.


