КҲФ-ВМКБ: ДАРЁФТИ ҶАСАДИ РАИСИ ВИЛОЯТ ВА ИДОМАИ КОРҲОИ ҶУСТУҶӮИ РУЙИОБӢ ВА ЗЕРИОБӢ

ХАБАРИ ФАВРӢ    Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки дар пайи корҳои ҷустуҷӯии руи обӣ ва зери обӣ Наҷотдиҳандагони Кумита ҷасади як нафар ҷинси мардро аз об берун бароварданд.     Ҷасад дар ҳудуди ноҳияи Шамсиддин Шоҳин дар деҳаи Кишт аз ҷониби сохторҳои дахлдор ва аҳолӣ дар рӯйи об мушоҳида шуда, наҷотдиҳандагони Кумита онро аз об берун бароварда ба сохторҳои дахлдор супориданд.     Ташхиси пурраи тиббӣ муайян кард, ки он Раис Вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон мебошад.      Ёдовар мегардем, ки бо мақсади гузаронидани корҳои ҷустуҷӯии рӯи обӣ ва зери обӣ аз ҷониби ҳамаи сохторҳои дахлдор  тамоми тадбирҳо амалӣ гардида истодаанд.

барчасп: