Дар МИҲБ КҲФ ҷаласаи корӣ оид ба ҳисоботи ҲФ баргузор гардид

12 июни соли 2026 дар Маркази идоракунии ҳолатҳои буҳронии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи нахустини Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба таҳияи шакли нави ҳисоботи оморӣ дар бораи зарар ва талафоти офатҳои табиӣ баргузор гардид.

Дар кори ҷаласа сардори Маркази идоракунии ҳолатҳои буҳронии КҲФ ва МГ генерал-майор Ҷамшед Камолзода, мутахассисон ва коршиносони вазорату идораҳо ва созмонҳои байналмилалии муқими Тоҷикистон иштирок намуда, шумораи умумии иштирокчиён зиёда аз 30 нафарро ташкил дод.

Зимни суханронӣ генерал-майор Ҷамшед Камолзода иштирокчиёнро бо вазъи ҷамъоварии маълумот оид ба ҳолатҳои фавқулода, зарурати таҷдиди шаклҳои ҳисоботдиҳӣ ва тадбирҳои андешидашуда ҷиҳати барқарорсозии пойгоҳи додаҳои ҳолатҳои фавқулода шинос намуд.

Дар ҷаласа инчунин маълумот оид ба шакли нави ҳисоботи оморӣ (шакли №1-ҲФ) пешниҳод гардид.

Ҳамзамон, натиҷаҳои фаъолият дар самти таҳкими иқтидори Кумита дар доираи лоиҳаи Дафтари Созмони Милали Муттаҳид оид ба коҳиши хатари офатҳо (UNDRR) таҳти унвони «Баланд бардоштани устуворӣ ба офатҳо ва тағйирёбии иқлим дар Тоҷикистон», ки бо дастгирии Ҳукумати Швейтсария амалӣ мегардад, муаррифӣ шуданд.

Ҳамоҳангсози минтақавии Дафтари СММ оид ба коҳиши хатари офатҳо (UNDRR) Дилшод Қодиров принсипҳои асосии Барномаи амалии Сендай оид ба коҳиши хатари офатҳоро дар самти таҳияи шаклҳои ҳисоботи оморӣ, ҷамъоварӣ ва таҳлили маълумот муаррифӣ намуд.

Қобили зикр аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 28 майи соли 2026 Нақшаи амал барои солҳои 2026–2028-и Барномаи миёнамуҳлати давлатии ҳифзи аҳолӣ ва ҳудудҳо аз ҳолатҳои фавқулода барои солҳои 2023–2028-ро қабул намуд. Яке аз вазифаҳои асосии ин нақша ҷорӣ намудани шаклҳои нави ҳисоботи оморӣ оид ба ҳолатҳои фавқулода бо дарназардошти маълумоти ҷудошуда (дезагрегатсионӣ) мебошад. Сарчашма: МИҲБ КҲФ ҶТ.

 
барчасп: