Дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия ҷаласаи XVII Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба ҳолатҳои фавқулодаи давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) баргузор гардид.
Иштирокчиёни ҷаласаро губернатори шаҳри Санкт-Петербург Александр Беглов хайрамақдам гуфта, ба кори ҳамоиш барору комёбӣ орзу намуд.
Дар кори ҷаласа вазири Федератсияи Россия оид ба мудофиаи гражданӣ, ҳолатҳои фавқулода ва бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табиӣ Александр Куренков, роҳбарони мақомоти ваколатдори Ҷумҳурии Беларус, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин намояндагони Котиботи СААД иштирок намуданд.
Зимни ҷаласа масъалаҳои таҳкими ҳамкориҳои байни давлатҳои аъзои СААД дар самти пешгирӣ ва бартарафсозии оқибатҳои ҳолатҳои фавқулода, такмили низоми ҳамоҳангсозии амалиётҳои муштарак, табодули таҷриба ва рушди ҳамкориҳои минтақавӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Иштирокчиён таъкид намуданд, ки густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ ва ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти марбута дар самти ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулода барои таъмини амният ва вокуниши саривақтӣ ба таҳдидҳои муосир аҳаммияти муҳим дорад.


