Тарма дар Хоруғ. Хабари расмӣ (ВИДЕО)
Чоп шуд: 15/02/2023 | redaktor
Бар асари лағзиши тарма дар қаламрави шаҳри Хоруғи ВМКБ 8 нафар сокинони маҳаллӣ (писар ва духтари чорсола, чор зан) ба ҳалокат расиданд. Бо талоши наҷотдиҳандагон то соати 14:00 дақиқаи 15-уми феврали соли 2023 нуҳ нафар сокинони зери тармамонда наҷот дода шуданд.
Дар ин офати табиӣ 22 хонаи истиқоматии сокинон зарар дид: 4 хона пурра ва 18 хона қисман хароб гардид.