Бино ба гузориши Хадамоти геофизикии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон 6 августи соли 2023 соати 05:32 дақиқаи вақти маҳаллӣ дар ҳудуди кишвар заминларза ба қайд гирифта шуд.
Манбаъ гуфт, ки маркази ин заминларза 290 километр ҷанубу шарқи шаҳри Душанбе, 115 километр ҷанубу ғарби шаҳри Хоруғ, 80 километр аз ноҳияи Ишкошими ВМКБ дар қаламрави Афғонистон буд.
Қувваи заминларза дар маркази он 5 балл, дар шаҳри Хоруғ 4 ва дар шаҳри Душанбе 3 баллро ташкил дод.
Ин заминҷунбӣ талафоти ҷонӣ ва хисороти дигар надошт.