Корҳои бартараф намудани паёмадҳои ҳамлаи низомии Қирғизистон дар ноҳияҳои Исфара ва Бобоҷон Ғафурови идома доранд

Дар ноҳияҳои Исфара ва Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд корҳои барқароркунии харобаҳои бархӯрди низомӣ, бунёди хонаҳои нав барои сокиноне, ки манзили истиқоматиашон комилан харобу валангор шуда буд, ба шиддат идома дорад. Бо усули ҳашари дастҷамъӣ қаламрави деҳаҳои зарардида тоза карда шуданд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои комилан бартараф...

Наҷоти як гардишгари рус ва ҳамсафари тоҷики ӯ дар кӯҳҳои Варзоб

Наҷоти як гардишгари рус

Имдодгарони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як гардишгари рус ва ҳамсафари тоҷики ӯро, ки дар кӯҳҳои назди деҳаи Варзобқалъаи ноҳияи Варзоб нопадид шуда буданд, пайдо ва амну озод аз кӯҳи баланд ба замин оварданд. Ин ҳодиса рӯзи 14-уми октябри соли равон рух дода буд. Ба қисми навбатдории Кумита як нафари дигар аз шаҳрвандони

Ҳушдори КҲФ аз ҳавои номусоиди чанд рӯзи оянда

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон истинодан ба маълумоти Агентии ҳавошиносии кишвар хабар медиҳад, ки аз 18-ум то 20-уми октябри соли 2022 дар қаламрави Тоҷикистон ҳавои номусоид дар назар дошта шудааст. Шамолҳои сахт, борон дар водиҳо ва дар ноҳияҳои кӯҳиву наздикӯҳӣ, ҳамчунин сард шудани қисмати болоии хок аз ҷумлаи ҳамин ноҷӯриҳои табиатанд.

Аз хабарҳои дирӯз. Садамаи мошин дар Айнӣ, сӯхтор дар Барчиди Шуғнон ва зоҳир шудани як ҷасад дар соҳили Фон

Садамаи мошин дар Айнӣ

Аз рӯйдодҳои шабонарӯзи гузашта, ки Қисми навбатдории Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад: садамаи мошин, ки боиси ҳалокати одамон шуд, сӯхтор ва кашфи як ҷасад дар соҳили дарёи Фон.

16-уми октябри соли равон, соати 13:25 дақиқаи вақти

Садамаи “Toyota Land Cruiser”бо кормандони Сафорати Ҳинд дар қаламрави ноҳияи Дарвоз

Садамаи марговар

Рӯзи 16-уми октябри соли равон тахминан соати 17:00 аз садмаи мошин дар қаламрави ноҳияи Дарвози ВМКБ хабар дода шуд.

Дар километри 345-уми деҳаи Сангевни ҷамоати деҳоти Қалъаихуми ноҳияи Дарвоз автомашинаи тамғаи “Toyota Land Cruiser”, ки аз ҷониби як сокини 45-солаи шаҳри Душанбе идора мешуд, дучори садама шуд.

Страницы