Ҳушдори Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз селҳои эҳтимолӣ дар як қатор навоҳии кӯҳии кишвар

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуди сокинон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки бино ба маълумоти Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон рӯзҳои 19-21 августи соли 2023 дар қаламрави як қатор ноҳияҳои кӯҳии вилояти Суғд, навоҳии тобеъи ҷумҳурӣ ва ғарби ВМКБ хатари омадани селҳо бар асари об шудани пиряхҳо боқӣ мемонад.

Дар ҳамин иртибот Кумита такроран ба сокинон ва меҳмонони кишвар муроҷиат мекунад, ки дар ин рӯзҳо ҳангоми гузор аз нази махзанҳои об эҳтиёт кунанд, беҳтар мебуд агар дар чунин рӯзҳо аз рафтан ба соҳили рӯдхонаҳои минтақаҳои ёдшуда худдорӣ намоянд. 

Кумита ҳамчунин аз сокинон хоҳиш мекунад ҳангоми ҳаракат дар роҳҳои кӯҳиву ағбаҳо эҳтиёт кунанд, дар чунин рӯзҳо аз рафтан ба доманакӯҳҳо барои ҷамъоварии гиёҳҳои дорувору, алаф ва ҳезум, шикор ва моҳидорӣ низ даст кашанд. 

Ғайр аз ин аз аҳолӣ бо як ҷаҳон эҳтиром хоҳиш мекунад селроҳаҳо, ҷӯву каналҳои атрофи худро сари вақт аз ҳар гуна хасу хошову сангу рег тоза кунанд, то оби зиёд бемонеъа имкони гузар дошат бошад ва ба хонаву манзилу заминҳои кишти шумо ворид нашавад. 

барчасп: